БИЗНЕС-КЛУБМуассиси Telegram шаҳрвандии кишвари 4-умро ба даст овард

Муассиси Telegram шаҳрвандии кишвари 4-умро ба даст овард

-

Муассиси Telegram Павел Дуров, ки аз соли 2017 дар Дубай ба сар мебарад, шаҳрвандии Имороти Муттаҳидаи Арабро соҳиб шудааст. Дар ин бораи  Forbes хабар медиҳад. Акнун ӯ шаҳрвандии 4 кишварро дорад— Русия, иёлати Сент-Китс ва Невис дар ҷазираи Кариб, Фаронса ва Аморати Муттаҳидаи Араб.

Дуров зимни сафарҳои хеш аз шиносномаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Фаронса истифода мекунад ва «санадҳои Сент-Китс ва Невис танҳо дар солҳои аввали муҳоҷирати Дуров аз Русия барояш мувофиқ буд. «Павел ба Русия сафар намекунад ва аллакай 8 сол аст, ки дар ин кишвар ягон дороие надорад. Telegram дар Русия дафтар ё корманд надошта, шумораи корбарон аз Русия аз 8% зиёд нест.”, — гуфтааст як манбаи наздик ба Дуров  ва афзудааст, ки муҳлати шиносномаи русии Дуров «аллакай ба охир расидааст.»

Моҳи феврали соли 2021 Дуров бо валиаҳди Дубай Шайх Ҳамдон бин Муҳаммад бин Рашид ал-Мақтум мулоқот кард. Шайх писари сарвазири АМА мебошад. Ин нишаст дар Дубай баргузор шуда, дар бораи ҳадафҳо ва натоиҷи он хабар дода нашудааст. Гуфта мешавад, ки он замон Дуров шаҳрвандии Аморати Муттаҳидаи Арабро ба даст овардааст.

Акс аз сомонаи www.wmj.ru

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад