МУВАФФАҚИЯТАврангзеб чаро аз иқтисоди сабз пуштибонӣ мекунад? (Мусоҳиба)

Аврангзеб чаро аз иқтисоди сабз пуштибонӣ мекунад? (Мусоҳиба)

-

Акс аз бойгонии Аврангзеб

Аврангзеб Асрориён яке аз ҷавонони муваффақи тоҷик аст, ки чандин забони хориҷиро медонад ва дар озмуну олипиадаҳои байналмилалӣ дастовардҳои зиёде доштааст. Акнун зинаи бакалврро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҳоланд (Нидерланд) ба поён расонида, як ширкати худро таъсис додааст.

Ӯ ҳоло магистри Донишгоҳи Амстердам аст. Аврангзеб, соҳаи иқтисод ва рушди устуворро пайгирӣ дорад ва мегӯяд, таъсиси ширкат маҳсули бардоштҳояш аз таҳсил дар зинаи магистр аст. Ширкати навтаъсис ба коркарди дубораи боқимондаҳои қаҳва ихтисос дода шуда, асосан маҳсулоти косметикӣ тавлид мекунад.  Ин корро Аврангзеб бо як ҷавони дигари тоҷик анҷом медиҳад ва якҷо дар фикри тавсеаи ширкати хеш мекӯшанд.

Аврангзеб Асрориён, зодаи шаҳри Душанбе буда, дар оилаи фарҳангӣ ба воя расидааст.  Падари ӯ Ҷонибек Асрориён, муаррих, фарҳангшинос ва журналисти шинохтаи тоҷик аст.

Муваффақиятҳои ин ҷавон  ҳанӯз аз даврони наврасиаш шурӯъ шуда буд. Ӯ ғолиби озмуни «Стипендияи истеъдоди шаҳрванди ҷаҳон» дар Аврупо шуд. Ин озмун 5 ҳазор евро ҷоиза дошт. Иншое, ки ӯ дар ин озмун бо унвони «Я человек мира» навишта буд, ӯро ғолиби ин озмун кард. Кумита оид ба стипендияи донишгоҳии Гаагаи Шоҳигарии Ҳоланд Аврангзебро дар қатори чанд ҷавони беҳтарини ҷаҳон шомил карда буд. Бо ҳамин роҳаш барои таҳсил дар Аврупо боз шуд.

Ӯ донандаи 5 забони хориҷӣ аст. Инчунин соли 2018 дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия ба ҳайси тарҷумон миёни намояндагони ФИФА ва сарони кишварҳои иштироккунанда интихоб гардида, аз иҷрои ин масъулият ба хубӣ баромад ва таҷрибаи хубе низ андухт.

Аврангзеб бо ду бонуи тарҷумон дар Чемпионати футбол (2018)

Аврангзеб Асрориён дар мактаби № 42 таҳсили иботидоӣ гирифта, баъдан дар литсейи тоҷикию – туркии иктисодӣ таҳсилро идома додааст. Дар чандин озмуни байналмилалӣ дар ИМА, Қиргизистон, Туркия, Ирланд ва Қазокистон ширкат  ва ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст.  

Баъд аз хатми мактаби миёна дар Тоҷикистон ба Амрико рафта, дар Иёлоти Массачусетс синфи 12-ро хатм кард. Пас аз таҳсил дар Амрико ба Донишгоҳи Лейдени Шоҳигарии Нидерланд аз тариқи барномаи Равобити байналмиллалӣ/ҷахоншиносӣ бо ихтисоси аврупошиносӣ шомил шуда,  онро моҳи августи соли ҷорӣ  (2021) ба итмом расонид.

Баъд аз хатми зинаи бакалавр ба магистратура дар Донишгоҳи Амстердам дохил шуд ва холо он ҷо таҳсилро идома дода истодааст. Дар ин Донишгоҳ дар факултаи Иктисод ва рушди устувор таҳсил мекунад.

Фирдавси Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
17
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад