ҲАЁТИ СОЛИМНурзода: "агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате...

Нурзода: «агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд…»

-

Роҷеъ ба қоида ва фазлу воҷиботи моҳи Рамазон бо Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Сархатиби масҷиди ҷомеъи маркази шаҳри Бохтар мусоҳиба анҷом додем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонанда мегардад.

— Домуло, суҳбатамонро аз фазилатҳои рӯзаи моҳи шарифи Рамазон оғоз кунем.

— Моҳи шарифи Рамазон  моҳи саршор аз хайру эҳсон ва файзу баракот  мебошад. Аслан рӯзадорӣ ин тарки истеъмол нест, балки тамоми аъзои инсон бояд рӯзадор бошад. Вақте инсон рӯза мегирад, даҳону забон, қалбу гушҳо ва дигар аъзои  хешро бояд аз ҳарфу амалҳои номатлуб парҳез дорад. Суханҳои накӯ ба забон орад. Дар қалб  нияту мароми одилона дошта бошад. Аз шунидани ҳарфҳои зишту номақбул дурӣ биҷӯяд. Бо мардум муносибату муомилаи  неку хоксорона намояд. Хусусан дар ин моҳи муборак ба ятимон, бепарасторон ва ба шахсоне, ки эҳтиёҷманд ҳастанд дасти кӯмак расонад.

— Моҳи шарифи Рамазон ба мардум чӣ манфиатҳо меорад?

— Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ба мардум аз чанд ҷониб манфиатҳои равонию маънавӣ ва ҷисмонию иҷтимоӣ мерасонад. Бо вуҷуди он ки  дар зиндагии мусулмонон амалҳои хайру савоб хеле муҳим аст, аммо дар моҳи шарифи рамазон ин ҳукм дубора таъкид гардидааст.

Ҳадиси Муҳаммад (С) аст, ки аз Ҳазрати Абуҳурайра (Р) ривоят шудааст. “Муҳаммад(С) гуфт: Ҳар гоҳе, ки  моҳи Рамазон фаро мерасад, ҳама дарҳои биҳишт кушода мешаванд ва ҳама дарҳои дӯзах баста ва ҳама шайотин занҷирбанд карда мешаванд”. Ҳамчунин ҳадиси саҳеҳ аст, ки аввали моҳи Рамазон раҳмати Худованд барои бандагонаш нозил шуда, нимаи ин моҳ давраи омурзиши гуноҳҳои бандагон ва даҳҳаи охир наҷоти бандагон аз оташи дӯзах мебошад. Албатта, барои ҳар як мусулмон ин беҳтарин неъмату манфиат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, бояд мо инсонҳо тавре зиндагӣ намоем, то ки ба ин ҳама неъмату раҳмати Худованд сазовор бошем. Хушбахттарин инсонҳо онҳое мебошанд, ки аз ин моҳи муборак суде ҳосил менамоянд.

— Барои мусалмонон чӣ қадар закот муқарар шудааст ва онро ба кадом табақаи мардум додан лозим аст?

— Моҳи марти соли ҷорӣ дар маҷлиси Раёсати шурои уламои маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо қабул гардида, як қатор масъалаҳои дигар низ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор намуд:

Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 35000 сомонӣ муқарар гардид, ки аз он 875 сомонӣ закот пардохта мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ, барои шахсони доро ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ муайян шудааст.

Закот барои онҳоест, ки молашон ба нисоби закот мерасад. Чӣ тавре дар боло зикр намудам,  агар нафаре 35000 сомонӣ дошта бошад, барои ӯ қарз аст, ки 875 сомонӣ бояд закот бидиҳад. Албатта, дар кишварамон нафарони саховатпешша хеле зиёданд. Садақаи фитр ба ятимон, бепарасторон, шахсони маъюб ва ба пиронсолон, ки онҳо шахсе надоранд онҳоро  нигоҳбин намоянд, адои садақаи фитр ба ин гурӯҳи одамон воҷиб ва қарз аст. Агар инсон ба ин табақаи одамон адои садақаи фитр намояд, садақааш назди Парвардигор комилан қабул мегардад.

— Шахсоне, ки бо сабабҳои гуногун рӯза гирифта наметавонанд бояд чӣ қадар фидя бидиҳанд?

— Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон барои нафарони пиронсол (шайхи фонӣ), бемороне, ки бо сабаби рӯза доштан бемориашон авҷ мегирад, мусофир, ки дар ҳоли сафар аст, зани ҳомила, зане, ки тифли ширхор дорад ва барои нафароне, ки барои таъмини фарзандон кору фаъолияти вазнин доранд тибқи гуфтаҳои дини мубини Ислом ба ин тоифаи одамон ифтор намудани моҳи шарифи Рамазон иҷозат аст. Ин тоифаи одамон бояд, ки фидяи савм ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне, 14 сомонӣ барои як рӯз диҳанд.

Бархе аз савдогарони бозорҳо рӯзаро ба мавсими пулкоркунӣ табдил додаанд. Нархи молу маҳсулотро ба таври сунъӣ гарон мекунанд. Аз нигоҳи дини Ислом бо ин амал чӣ гуноҳеро муртакиб мешаванд?

— Бояд қайд намоям, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва пок доштани нияту аъмол ҳам ҳаст. Набояд фаромӯш намуд, бадтарин ҷурм ин ранҷонидан ва ноумед сохтани  қалби як инсон аст. Ин нуқта ба онҳое рабт дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи фаровон ба даст овардан дар ин моҳи муборак амали бадтаринест, ки дар дини мубини Ислом маҳкум шудааст. Паёмбари гиромии Ислом фармудаанд, “агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби гарон шудани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод.”

Аз ин лиҳоз, тоҷирону соҳибкорон, савдогарони бозорҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба таъминоту мардум бо молу маҳсулоти хӯрокворӣ машғуланд, зарур аст, ки нарху наворо ба таври сунъӣ боло набаранд. Агар онҳо метавонанд, баръакс нарху наворо то андозае паст намоянд, то ки дастраси харидорон гардида, худашон ҳам зарар набинанд. Ҳамчунин бо харидорон муомилаи нек ва хизматрасониҳои иловагӣ анҷом дода, дар моҳи шарифи Рамазон ба меҳрубониҳои Худованди бахшанда муашарраф гарданд.

Такроран моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мусулмонон табрику таҳният гуфта, дар хонадони онҳо файзу баракот, хони пур аз нозу  неъмат ва фаровонию осудаҳолӣ таманно мекунам.

Мусоҳиб: Наҷибулло ВАЛИЕВ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад