ЗАБОНОМӮЗӢМаҳорати сарвариро рушд додан мехоҳӣ, барномаи Ҳуберт барои туст!

Маҳорати сарвариро рушд додан мехоҳӣ, барномаи Ҳуберт барои туст!

-

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон озмуни кушодро барои иштирок дар барномаи стипендияи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои солҳои 2023-2024 эълон менамояд ва ҳуҷҷатҳои довталабон ба ин озмун то 31 май қабул карда мешавад.

Барномаи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои мутахассисони варзидаи тоҷик дар мансабҳои роҳбарикунанда имконияти таҳсили курсҳои 10-моҳа, рушд додани маҳорати сарварӣ ва такмили ихтисос дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фароҳам меорад. Довталабон ба барномаи мазкур дар асоси маҳорати сарварӣ ва шомил будан дар хизматрасонӣ ба ҷомеа дар бахши хусусӣ ё ҷамъятӣ интихоб карда мешаванд. 

Иқтидори инсонӣ ва институтсионалӣ:

  • Рушди иқтисодӣ 
  • Молия ва бонкдорӣ  
  • Таҳлили сиёсати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ
  • Сиёсат ва менеҷменти технологӣ
  • Идоракунии захираҳои инсонӣ

Ҳуқуқҳо ва озодиҳо:

  • Алоқа ва журналистика
  • Озодии байналмилалии динӣ
  • Қонун ва ҳуқуқи инсон
  • Сиёсат ва пешгирии хариду фурӯши одамон

Заминҳои устувор:

  • Рушди кишоварзӣ ва деҳот
  • Захираҳои табиӣ, сиёсати экологӣ ва тағирёбии иқлим
  • Банақшагирии шаҳрӣ ва минтақавӣ

Ҷамоатҳои рушдёбанда:

  • Бемориҳои гузаранда ва сироятӣ
  • Сиёсат ва идоракунии тандурустии ҷамъиятӣ
  • Қонунгузории ВНМО (ВИЧ / СПИД) ва роҳҳои пешгирии он
  • Маълумот, табобат ва пешгирии сӯиистифода аз моддаҳо
  • Маъмурият, банақшагирӣ ва сиёсат
  • Маъмурияти таҳсилоти олӣ
  • Таълими забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ

Талабот барои довталабон:

  • Дипломи донишгоҳ
  • Ҳадди ақал 5 соли таҷрибаи корӣ
  • Мавҷудияти хусусиятҳои лидерӣ
  • Саҳмгузорӣ дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ
  • Дониши забони англисӣ
  • Таҷрибаи зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида надошта бошанд, ё чунин таҷриба кӯтоҳмуддат бошад
  • Шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад