МУВАФФАҚИЯТМуносибат бо хоҳар: дӯстона ё хасмона?

Муносибат бо хоҳар: дӯстона ё хасмона?

-

Оила муҳимтарин ва гаронтарин неъмат маҳсуб меёбад. Ташаккули шахсияти инсон аз муҳити оила маншаъ мегирад. Инсоният худро дар оғӯши волидайн, махсусан бародару хоҳар қавӣ эҳсос мекунад. Бародарону хоҳаронамон шахсонеанд, ки аз хурдӣ ҳамаи комёбию нокомиҳои моро мебинанд, моро дастгирӣ мекунанд, барои бартараф намудани мушкилотамон ёрӣ мерасонанд. Ба ибораи дигар, бародарон такягоҳи хоҳарон ва хоҳарон ғамхори бародарон ҳастанд.

Ба хотири мустаҳакаму қавитар сохтани муносибатҳои бародариву хоҳарӣ аз соли 1998 ҳамасола рӯзи даҳуми апрел дар саросари ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии бародарон ва хоҳарон” таҷлил мегардад.

Агарчи  “Рӯзи байналмилалии бародарон ва хоҳарон” дар Тоҷикистон таҷлил намегардад, вале муносибати бисёре аз бародарону хоҳарон ва дӯстиву рафоқати онҳо ба якдигар шоистаи таҳсин аст.
Дар ин зимн мо бо суоли “Шумо рафоқати бародару хоҳарро дар мисоли худатон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?” ба чанд нафар муроҷиат намудем, ки посухи онҳоро дар зер мегузорем:

                                       МАЛОҲАТ МУҚИМОВА

Малоҳат бо бародаронаш

-Мегӯянд меҳри бародару хоҳар то он дамест, ки онҳо зери  як курпа хобанду аз як дастархон нон мехӯранд. Вақте ҳар кас соҳиби оилаи худ мешавад, он вақт оҳиста — оҳиста меҳр камтар мегардад. Вале ман ин чизро эҳсос намекунам. Ману бародаронам соҳиби оилаву фарзандони хеш мебошем, вале меҳрамон ҳамон гунае ки дар кӯдакиамон буд, бетағйир боқӣ мондааст. Мо ҳамеша аз ҳоли якдигар бохабарему мушкилии якдигарро бо ҳам хал мекунем. Дӯстию рафоқат миёни фарзандони падар новобаста аз вазьияту холат бояд ҷовидона бошад. Бародаронам боғуруранд.  Боре банда дар корхона бемор шудаму ҳолатам бад шуд. Ҳамкорам зуд ба шавҳарам занг зад. Шавҳрам низ омада маро ба хона бурд. Бародаронам бо гузашти як рӯз аз ин ҳодиса огоҳ гардида, соати 12 –и шаб ба хонаи мо омада маро сарзаниш карданд, ки барои чӣ сари вақт онҳоро огоҳ накардаму онҳо аз ин ҳодиса бехабар монданд… Мо бо бародаронам дар  ҳама ҳолат паҳлӯи ҳам ҳастем.

НАЗРУЛЛОЕВ УМЕД

Умед бо хоҳараш

-Рафоқат миёни бародару хоҳар бояд дӯстона ва бародарона бошад. Яъне, бародар ва хоҳар ҳамеша паҳлӯи ҳамдигаранд ва ба ядигар хиёнат намекунанд. Ман як хоҳар дорам, ки ӯ ҳоло 7 сол дорад. Ҳанӯз ӯ 4-сола буд, ки ман ба Русия рафтам. Вай ҳамеша бо ман телефонӣ суҳбат мекард ва аз аҳволам мепурсид. Ҳар бор суол мекард, ки «кай меоӣ? Ёдат кардам акаҷон!”…

Ҳоло ба Ватан баргаштам ва таҳсилро дар донишгоҳ идома медиҳам. Ҳар боре ба донишгоҳ меравам, ӯ пазмон мешавад ва аз телефони модарам ба ман занг мезанад. Гумон мекунам, ки новобаста аз вақту замон ва муҳит ҳамеша бародарон дар фикри хоҳарон ва хоҳарон дар фикри бародарон ҳастанд.

ПАРВИНА САМАНДАРЗОДА

Парвина бо бародаронаш

-Аз овони хурдӣ ман миёни ду бародари бузурги худ камол ёфтам ва зиндагиро бо будани бародаронам комил медонам. Рафоқат ё муносибату муомилаи бародаронамро нисбат ба худ яқин дуруст арзёбӣ карда наметавонам. Танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки бародаронам аз муҳаббати хеш ба ман чизе нагуфтаанд ва ман низ сари он наандешидаам. Гоҳо ғамхории бародаронам пеши назар меояд. Рӯзҳои иди Рамазону Қурбон ҳамсояҳо даста-даста шуда идгардак мекарданд. Вале бародари калониям бо ҷӯраҳои худ нарафта, дастамро мегирифту маро ба идгардак мебурд.

Боре дар роҳ афтидам ва оринҷам хун шуд, гирякунон ба хона даромадаму рӯйи роҳаткурсӣ нишастам. Касе аз  аҳволам напурсид. Бо гузашти чанд вақте бародари хурдтарам аз дар даромад ва аввалин чизе, ки аз ман пурсид, ҳамин буд, ки «чӣ кардӣ, чаро чашмонат сурх?» Ҳодисаро нақл карда, оринҷи хунолудамро нишон додам. Ӯ бо майкаи сурхи танаш хуни оринҷамро пок карда, дасту рӯямро шӯст… То 13-14-солагӣ ҳарду бародаронам тамоми корҳои хонаро ба дӯши худ мегирифтанд ва ба ман қисмати хеле ками корҳоро вогузор мекарданд. Дар сурати нотобиам тамоми корҳои хонаро анҷом медоданд. Ва ҳеҷ гоҳ миннатгузории эшонро дар ин маврид нашунидаам…

Соли охири таҳсил дар мактаби миёна замони ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ наздик мешуд, волидон ба риштаҳои интихобкардаам розӣ набуданд. Бародаронам дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд. Бародари калонӣ ба модарам занг зада, бо ман низ суҳбат карда, аз интихоби касби ояндаам пурсид ва ман ҳам гуфтам. Ӯ гуфт, ки ҳар касбе, ки ба худат писанд аст ҳамонро интихоб кун, мао дастгирӣ мекунем… Яъне, бародаронам ба интихоби ман ҳамеша эҳтиром мегузоранд… Муҳаббати онҳо фаротар дустӣ бо ман аст!

МАФТУНА ХУДОИЗОДА

Мафтуна бо бародараш

Бародарам дӯст, омӯзгор, маслиҳатгару ҳамрози ман аст. Ман ду бародар дорам, ки яке аз ман бузургу дигаре хурд. Аввалин дӯст дар ҳаётам аз ҳисоби мардон-ин бародарам аст. Аввалин омӯзгорам низ бародарам мебошад. Хондану навиштани аввалин ҳарфи алифборо ба ман омӯзонид. Баъди бузург шуданаму ба донишгоҳ дохил шуданам боз бародарамро дар паҳлуям дидам, ки маро роҳнамоӣ карданд. Дар зиндагиам такягоҳам ҳастанд. Ҳар бор мушкил пеш ояд намеҳаросам. Чун бародарам ростқавл, меҳнатдӯст, қавиирода ва шуҷоъ будан ва мубориза бурданро омӯзонидаанд. То чи андоза нистбат ба бародоронам меҳр дорам, тавони бо сухан баён карданро надорам!

Баҳруллои Маҳмадшариф

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Мушкил дар ChatGPT

Ба иттилои Downdetector, корбарони чатботи ChatGPT бобати мушкилиҳо дар кори он хабар медиҳанд. Шикоятҳо дар бораи кори чатбот шаби гузашта...

Neuralink дар сари одамон чип мегузорад

Neuralink барои озмоиши микросхемаҳо дар майнаи сари одамон иҷозат гирифтааст. Neuralink-и Элон Маск имкон фароҳам меорад, ки чипҳоро дар майнаи...

Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ чӣ гуна маош муқаррар кард?

Тартиби пардохти ҳармоҳаи якумраи моддӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паролимпӣ ва сурдолимпӣ дар Тоҷикистон мушаххас гардид. Андозаи пардохти...

Сангнигораҳои 4-ҳазорсолаи Сойи Сабағ

Деҳаи зебоманзари Сабағ дар ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ дар баландии 2350 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Сойи Сабағ, ки...
spot_imgspot_img

Маълумоти шахсӣ. Агар аз касеро фош созем, моро чӣ интизор аст?

Маълумоти шахсӣ – маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад....

10 ҷойи ройгон дар Литсеи «Ҳотам ва ПВ»

Филиали Литсеи "Ҳотам ва ПВ" дар шаҳри Ҳисор 10 ҷойи ройгон барои таҳсил пешниҳод мекунад. Яъне: — Таълими босифат, хусусан математикиро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад