БИЗНЕС-КЛУБИстеҳсоли дубораи Nokia 3210, вале бо имконоти нав

Истеҳсоли дубораи Nokia 3210, вале бо имконоти нав

-

Nokia нусхаи ҷаҳонии Nokia 3210-ро, ки қаблан дар Чин пешкаш гардида буд, муаррифӣ кард. Ин нусхаи навшуда бо ҳамон номе, ки соли 1999 пешниҳод шуда буд, арза мегардад.

Nokia 3210 4G буда, дорои дисплейи 2,4 дюймӣ аст. Дар пушти телефон камераи 2 мегапикселӣ ҷой дода шудааст.

Фаъолияти телефон аз ҷониби чипи Unisoc T107 идора карда мешавад, хотираи дохилии ин телефон 128 МБ аст ва метавон бо microSD-и 32 ГБ-ӣ хотираро мукаммал кард. Маҳсулоти нав дар системаи оператсионии Nokia S30+ кор мекунад.

Батареяи 1450 мАч дар Nokia 3210 4G, ба гуфтаи истеҳсолкунанда, тақрибан 10 соат замони гуфтугӯро таъмин мекунад.

Дигар хусусиятҳои Nokia 3210 4G ин аст, ки дорои YouTube, пешгӯии обу ҳаво, бозии мор, USB-C, ҷойи гӯшмонак ва ду SIM-корт.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад