Лоиқ Қутбиддинов соҳиби медали биринҷӣ гардид. Се варзишгари навраси мо — Лоиқ Қутбиддинов (55кг), Ворис Назаров (66кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (73кг) ин шом дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон дар Алмаато барои медали биринҷӣ сабқат карданд.
Дар мусобиқа беш аз 400 варзишгар аз Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Юнон, Ҳонконг, Гурҷистон, Муғулистон ва ИМА ширкат доранд.