МУВАФФАҚИЯТРӯзи байналмилалии забони модарӣ. 2,5 ҳазор забон дар остонаи...

Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. 2,5 ҳазор забон дар остонаи нобудшавӣ

-

Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки Конфронси генералии ЮНЕСКО 17 ноябри соли 1999 эълон намуда буд, аз соли 2000 инҷониб ҳамасола 21 феврали соли ҷорӣ таҷлил мешавад ва ҳадаф мусоидат ба гуногунии забону фарҳанг ва бисёрзабонӣ унвон мешавад.

Санаи баргузории ин рӯз ба хотири таҷлили воқеаҳое, ки дар Дакка (ҳоло пойтахти Бангладеш) 21 феврали соли 1952 ба вуқӯъ пайваст, об мехӯрад. Вақте донишҷӯён ба ҳимояи забони модарии худ (банголӣ) бархостанд, аммо тири пулис кушта шуданд.

Забон тавонотарин воситаи ҳифз ва рушди мероси моддию маънавии мост. Тибқи маълумоти СММ, дар ҷаҳон тақрибан 7 ҳазор забон мавҷуд аст, ки беш аз 2,5 ҳазор забон дар остонаи нобудшавӣ қарор доранд, яъне, онҳо метавонанд дар ояндаи наздиктарин гӯяндагони худро аз даст диҳанд. Ҳар ду ҳафта як забон дар ҷаҳон аз байн меравад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон 11 забон дар маърази хатар қарордошта, масъулинро зарур аст, ки барои ҳимоя ва густариши ин забонҳо иқдомҳои заруриро саривақт амалӣ намоянд. Ҳарчанд ки дар баъзе ҷанбаҳо як қатор корҳои судманд анҷом дода шуда бошад, ҳам вале он ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест.

Дар як пурсиш аз ҷавонони миллатҳои гуногун бобати забони модариашон ва аҳамияти он пурсидем, ки посӯхҳоро дар видеои зер мушоҳида намоед:

Аминҷон Раҳматзода

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад