МУВАФФАҚИЯТҚаллобон дар сомонаҳои фурӯши Тоҷикистон сайди худро меҷӯянд

Қаллобон дар сомонаҳои фурӯши Тоҷикистон сайди худро меҷӯянд

-

Рақами WhatsApp-и шахсе, ки аз тариқи сомонаҳои фурӯш сайд меҷӯяд

Суҳроб (номи шартӣ) нақл кард, ки амакаш мошини хешро аз тариқи сомонаи «somon.tj» ба фурӯш гузошта, баъди чанде як нафар аз тариқи WhatsApp бо рақами +7985 719-30-60 тамос гирифта, гуфтааст ба наздикӣ меҳмони Душанбе мешавад ва барояш мошин лозим аст. Аз тариқи интернет мошин ҷустуҷӯ намуда, ин мошинро писандида, мехоҳад як қисми пулро тариқи корт интиқол диҳад ва боқиро дар Душанбе пардохт намояд.

“Он нафар аз амакам хоҳиш мекунад то ҳар ду тарафи корташро акс бардошта барояш фиристад ва амакам низ ин корро анҷом медиҳад. Баъд аз ин, ба телефони амакам рамз меояд, амакам аз ноогоҳӣ рамзро ба он нафар дастрас мекунад. Лекин аз сабаби онки корт миллӣ буд, он нафар натавонистааст пул берун кашад. Бинобар ин, хоҳиш мекунад акси корти дигаре барояш фиристад. Амакам корти Бонки “Эсхата”-ро барояш мефиристад, вале он корт маблағе надоштааст. Қаллоб баҳона меорад, ки наметавонад маблағ гузаронад, агар корти дигаре аз бонкҳои дигар, ба мисли Alifbank ё бонки дигар бошад, аксҳои онро барояш фиристад. Амакам гуфтааст, миёнасол асту корбурди кортро дуруст намедонад, рақами маро барояш додааст. Он нафар ба ман тариқи WhatsApp занг зада мақсадашро гуфт.”-нақл намуд Суҳроб.

Шахсе, ки худро харидор нишон медиҳад, аз Суҳроб хоҳиш кардааст, ки акси кортро барояш фиристад. Суҳроб гуфтааст, корт бо рақами телефонаш пайваст аст, агар пул интиқол доданист, тариқи рақами телефон интиқол диҳад.

“Ба рақами телефонам рамз омад. Дар идомаи рамз ба ҳарфҳои калон навиштаи “НЕКОМУ ЕГО НЕ ПЕРЕДЕВАЙТЕ!” таъкид мешуд. Он нафар исрор мекард, ки рамзро барояш дастрас намоям, вале ман дарк кардам, ки ҳадафи ин нафар дигар буда, мехоҳад аз корти ман пул берун кашад. Ман ба он нафар гуфтам таҷрибаи кор бо низоми бонкиро дорам ва дастрас кардани рамз ба шахси сеюм мумкин нест ва Шумо қаллоб ҳастед. Баъд аз ин ҳарфҳо ӯ пай бурд, ки маро ба доми худ афтонда наметавонад, даррав суҳбатро қатъ намуд.”-ёдовар шуд Суҳроб.

Суҳроб дар идома ба истифодабарандагони шабакаи интернет машварат медиҳад, ки зимни хариду фурӯш тариқи сомонаҳо аз эҳтиёт кор бигиранд то ба доми қаллобон наафтанд.

Ин дар ҳолест, ки Алиф Банк аз афзудани қаллобон дар шабакаи интернет ҳушдор медиҳад “ба эълонҳо оид ба бурд кардани маблағ ва роҳҳои осони пулкоркунӣ бовар накунед. Ба сайтҳои шубҳанок надароед ва рамзу рақами корти худро ворид нанамоед. Аз ҳама муҳимаш SMS-рамзҳоро ба ҳеҷ кас нагӯед ва дар сайтҳо низ ворид накунед.”

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
12
+1
4
+1
2
+1
0
+1
1
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад