НАВИДММТ дар 34 шаҳру ноҳия нуқтаи бақайдгирӣ ифтитоҳ мекунад

ММТ дар 34 шаҳру ноҳия нуқтаи бақайдгирӣ ифтитоҳ мекунад

-

Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон барои омода кардани мутахассисони мувақатиаш шурӯъ кардааст.

Сомонаи ин марказ хабар медиҳад, ки барои роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ омӯзиш мегузаронад.

Мувофиқи нақша дар 34 шаҳру ноҳия 40 нуқтаи бақайдгирии доимамоалкунанда бо теъдоди 142 истгоҳи корӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис мегардад.

Тибқи эълон бо тариқи электронӣ 412 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дархост гузошта, аз ин теъдод 380 нафар ба омӯзиш ҷалб мегарданд.

Дар асоси озмун номзадҳои мувофиқ барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, ки шумораашон 220 нафарро ташкил хоҳад дод. Бояд гуфт, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1-уми марти соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.

Акс аз сомонаи www.ntc.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад