МУВАФФАҚИЯТЯК МЕДАЛИ ТИЛЛО, ДУ НУҚРАИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР...

ЯК МЕДАЛИ ТИЛЛО, ДУ НУҚРАИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ-2023

-

Тими ҷудои Тоҷикистон дар рӯзи дуюми Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо  3 медали дигар ба даст овард.

Дар рӯзи дуюм рақобатҳо дар вазнҳои -73кг ва -81кг миёни мардҳо ва -63кг ва -70кг миёни бонувон идома ёфт, ки ҷумҳурии моро 9 варзишгар – 8 нафар миёни мардон ва 1 нафар миёни бонувон намояндагӣ карда, ба гирифтани 1 медали тилло ва 2 нуқра мушарраф шуданд.

Медали тиллоро варзишгари маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг мушарраф шуд. Ӯ дар финал намояндаи дигари кишварамон Шодмон Ризоевро мағлуб намуд, ки медали нуқра гирифт. 

Сомон то расидан ба финал бар Ҳикматулло Тураеви узбекистонӣ, Болор-Очир Герелтуйа аз Муғулистон ва Ҷиасомо Гамбаи итолиёӣ дастболо шуд. Шодмон бошад, дар чор рақобат бар намояндагони Зеландияи Нав (Мартин де Риддер), Баҳрайн (Аскарбей Гербеков), Фаронса (Тизие Гнамиен), Олмон (Тим Грамков) пирӯз гардид.

Дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода барои тими ҷудои Тоҷикистон медали нуқра овард. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар ду давр бар Оразгелдӣ Уралов аз Қазоқистон, Гуилумме Чаине аз Фаронса, дар чорякфинал бар Гилберто Кардосо аз Мексика, дар нимфинал бар Иброҳим Алиев аз Озарбойҷон пирӯз гардида, дар финал аз Маҳмадбек Маҳмадбеков аз тими варзишгарони бетараф шикаст хурд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран Прии Душанбе оид  ба ҷудо варзишгарони мо ду медал – 1 тилло, 1 биринҷӣ ба даст оварда буданд. Обид Ҷебов дар вазни -66кг ҷои якум, Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг ҷои сеюмро гирифтанд. 

Ҳамин тариқ, тими ҷудои Тоҷикистон дар ду рӯзи аввалин Гран Прии Душанбе 5 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ — ба даст оварданд.  

Фардо – 4 июн – Гран Прии Душанбе-2023 бо рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100 миёни мардҳо, -78кг, +78кг миёни бонувон анҷом меёбад. Тоҷикистонро дар се вазни мардҳо 12 варзишгар – Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов (-90кг), Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Раҳматулло Мирзоев, Эмомризо Анварзода (-100кг), Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳимҷон Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндагӣ мекунанд. 

Натиҷаи рақобатҳои рӯзи дуюми Dushanbe Grand Prix 2023:

Вазни -63кг

1. Катарина Кристо (Хорватия)

2. Сараӣ Падилла Гуерреро (Испания)

3. Магдалена Крсакова (Австрия)

3. Ива Оберан (Хорватия)

Вазни -70кг

1. Маргаукс Пинот (Фаронса)

2. Катарзина Собиерайска (Полша)

3. Лориана Кука (Косово)

3. Келли Петерсен Поллард (Британияи Кабир)

Вазни -73кг

1. Маҳмадбек Маҳмадбеков (тими варзишгарони бетараф)

2. Беҳрӯз Хоҷазода (ТОҶИКИСТОН)

3. Гилберто Кардосо (Мексика)

3. Бенйамин Аксус (Фаронса)

Вазни -81кг

1. Сомон Маҳмадбеков (ТОҶИКИСТОН)

2. Шодмон Ризоев (ТОҶИКИСТОН)

3. Иброҳим Кеита (Фаронса)

3. Анри Эгутидзе (Португалия)

Манбаъ: judo.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад