БИЗНЕС-КЛУБЧанд мушкили тарабхонаҳо аз нигоҳи муассиси тарабхонаи "Sait Efendi"...

Чанд мушкили тарабхонаҳо аз нигоҳи муассиси тарабхонаи «Sait Efendi» (Видео)

-

Ғавғову бӯйи нофорами ошхона, ноогоҳии муассисони тарабхонаҳо аз соҳа, нақши калидии пешхизмат дар тарабхонадорӣ мавзӯҳое буданд, ки Тоҷидин Ҷалолов, директори Тарабхонаи туркии “Sait Efendi” бобати онҳо дар Форуми рестораторон изҳори назар кард.

Станислави бузург гуфтааст, театр аз либосовез (вешалка) оғоз мегардад.

Пас аз тарабхона аз чӣ оғоз мегардад. Ба андешаи ман тарабхона аз пешхизмат! Шояд ба ин андеша аксарият розӣ набошанд. Лекин ман ҳамчун мудир ба ин фикрам, ки аз пешхизмат! Чаро?!

Агар сайри таърихӣ намоем, пешхизмат ҳамчун шуғл 6 ҳазор сол қабл ба вуҷуд омадааст ва маконаш Мисри қадим аст, ки ба Фиръавн ғизо пешкаш мекарданд.

Чаро?

Зеро, ӯ фарзанди Худо гуфта мешуд!

Дар акс дида мешавад, ки ҳамаи онҳо барои фарзанди Худо дар рӯи замин хидмат мекарданд, одамони махсуси омӯзишдида ва бо либоси махсус буданд, ки хидматрасонӣ мекарданд…

Агар ба Аврупо бингарем, аввалин тарабхонаҳо дар Аврупо пайдо шудаанд. Дар Русия миёнаи асри 19 пайдо шуд…

Симои зоҳирии пешхизмат муҳим буда, дар ҳама давру замон пешхизматҳо либоси махсус доштанд ва дастпӯши сафед ва бо риши тарошида ва мӯйи сари кутоҳкарда зуҳур мекарданд. Имрӯзҳо ин раванд тағйир меёбад. (механдад)  

ЧАНД МУШКИЛИ ТАРАБХОНАВУ ТАРАБХОНАДОРӢ

Ғавғо

Мехоҳам дар бораи ҳузури меҳмонон ба тарабхона бигӯям. Ҳамарӯза ҳар яки мо ба ин ё он  мушкил рӯ ба рӯ мешавем. Хизматрасонӣ ё ресурси ин ё он муассиса бароямон маҳқул намешавад. Далели дигар садо ё ғавғост. Гоҳо кормандони тарабхона мағал мебардоранд, бо телефон суҳбат мекунанд ё бо ҳамкоронашон суҳбат мекунанд, ки вазъи нороҳаткунандаро фароҳам мекунанд. Ё ҳайате аз меҳмонон бо ғавғо ё садои баланд табъи дигар меҳмононро хира мекунанд.

Бӯйи нофорами ошхона

Гоҳо аз ошхона бӯйи бегона ба машом мерасад, ки барои меҳмон хушоянд нест. Зеро, либоси гарон ба бар карда ва атри гаронбаҳо ба тан пошида, аммо дар тарабхона бӯйи баде ба баданаш мешинад.

Ҳолати дигар сигоркашии баъзе аз меҳмонон аст. Дар баъзе аз муассисаҳо сигоркашӣ иҷоза ва дар баъзе иҷозат нест. Агарчи дар қонунгузорӣ маҳдудият ҷорӣ гардидааст, вале барои баъзе меҳмонон ин талабот истисност. Тиреза боз мекунем, дар айвон иҷоза медиҳем, мехоҳем барои меҳмонамон шароити мусоид фароҳам орем.

Ноогоҳӣ аз қоидаҳои тарабхонадорӣ

Омили дигар ин аст, ки вақте тарабхона боз мекунанд, мутахассис ҷалб наменамоянд. Ба андозаи фаҳмиш, табъу завқи хеш онро бунёд мекунанд. Агарчи бо шароити хуб бунёд мешавад, вале ошхона ба талабот ҷавобгӯ нест…

Набудани мутахассис боиси аз даст рафтани муштарӣ мегардад

Агар муассиса технолог, мутахассис надошта бошад, ки аз стандатрҳо огоҳ бошад, харҷу дахл, муҳосиботро  донад, мо албатта меҳмонони худро аз даст медиҳем. Масъаллаи дигар ҳолати санитарӣ аст, ки тарабхона бояд тоза бошад.

Тарабхона бояд таваққуфгоҳ дошта бошад

Тарабхона бояд таваққуфгоҳ дошта бошад. Дар сурати набудани таваққуфгоҳ меҳмон худро нороҳат эҳсос мекунад.

Пешхизмат чӣ гуна бошад?

Пешхизмат бояд чи кореро анҷом дода тавонад?

Ба андешаи ман ӯ мутахассис ва дар умум бояд чеҳраи калидӣ бошад. Симои зоҳирии пешхизмат муаррифгари муассиса бошад Чунки ӯ пайвандгари меҳмон бо ошхона ва маъмурияти тарабхона аст.

Замони дар толор будани пешхизмат чи чиз барояш мумукин нест?

Бо шахсони бегона суҳбат накунад, сақич нахояд, дастонашро дар ҷайбаш нагузорад. Бо телефон суҳбат накунад.   

Ду меъёр барои пешхизмат ҳатмист. Якум: дар миз набояд чизе зиёдатӣ ё нолозим бошад.

Дуюм: пешхизмат чизеро пешниҳод кунад, ки ба фоидаи тарабхона бошад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад