ОЛАМИ МАҶОЗӢҶавонон "Facebook"-ро тарк мекунанд

Ҷавонон «Facebook»-ро тарк мекунанд

-

Як ҷадвали  рангоранг нишон додааст, ки  вақтсарфкунии наврасон дар Facebook соли гузашта 16 дарсад коҳиш ёфтааст ва ин тамоюл миёни ҷавонон 5 дарсад будааст. Теъдоди наварасони наве, ки дар Facebook саҳфа боз мекунанд, кам мегардад.

Bloomberg 25 октябри соли равон навишт, ки гурӯҳе аз муҳаққиқон дар дохили ширкати Facebook гузориширо барои яке аз қудратмандтарин мудирони ин ширкат (мудири маҳсулоти асосӣ Крис Кокс (Chris Cox)) таҳия карданд. Ин маводҳо шомили маҷмӯи додаҳоест, ки раванди нигаронкунандаеро нишон медиҳад. Ба назар мерасид, ки “Facebook маҳбубияти худро дар байни наврасон ва ҷавонон аз даст дода истодааст.”

Франсис Ҳайген (Frances Haugen), собиқ корманди ин ширкат дар аввали моҳи октябр Facebook-ро ба он муттаҳам кард, ки фоидаро аз бехатарӣ ва амнияти корбарон боло мегузорад.

Бояд гуфт, Facebook 23.7 дарсад аз бозори таблиғоти бахшии рақамиро дар ҷаҳон соҳиб шуда, арзиши саҳмияҳои ин ширкат наздик ба 1 триллион доллар аст.

Гуфта мешавад, ки файсбук шумораи корбарони худро бар асоси гурӯҳи синнӣ тақсим намекунад. Дар ҳамин ҳол Франсис Ҳайген (Frances Haugen), корбари собиқи ин ширкат гуфтааст, Facebook солҳо меъёрҳои аслиро ба сармоягузорон ва таблиғкунандагон нодуруст нишон медиҳад.

Ҷазби наврасон, ки як насли комили истифодабарандагонро ташкил медиҳанд, муддатҳост, ки як чолиш барои Facebook будааст. Истифодабарандагоне, ки фейсбук аз онҳо ба унвони «ҷавонони бузургсол» ёд мекунад — тақрибан як даҳа аст, ки дар ҳоли коҳиш аст. Теъдоди ҷавонони бузургсолтар дар Facebook дар ИМА аз соли 2019 то кунун 2 дарсад коҳиш ёфтааст ва интизор меравад ду соли оянда 4 дарсади дигар коҳиш ёбад.

Он ҷавонон низ нисбат ба як соли пеш камтар чизеро ба иштирок мегузоранд ва паёмҳои камтаре ирсол мекунанд.

Ҷой Осборн (Joe Osborne), сухангӯи Facebook гуфтааст: «маҳсулоти мо ҳанӯз ба таври густурда тавассути наврасон истифода мешавад, аммо мо бо рақобати сахти Snapchat ва TikTok рӯ ба рӯ ҳастем: «ҳама ширкатҳои иҷтимоӣ мехоҳанд наврасон аз хадамоти онҳо истифода кунанд. Мо тафовуте надорем. Ба ҳамин далел аст, ки мо ҳамчунон ба сохти маҳсулот ва вижагиҳои ҷадиде идома медиҳем, ки саргармкунанда ҳастанд ва ба наврасон, дӯстон ва хонаводаҳояшон кумак мекунанд то бо якдигар дар иртибот бошанд.»

Ин дар ҳолест, ки Марк Сукерберг, роҳбари шабакаи иҷтимоии «Facebook» 28-уми октябр аз тағйири номи ширкат ба «Meta» хабар дод.

Ҳадаф аз ин, муттаҳидсозии нармафзорҳои мухталифи ин ширкат, яъне «Фейсбук», «Инстаграм» ва Ватсапп» зери номи ягона унвон шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад