МУВАФФАҚИЯТАз орзуи доштани "Hot dog"- хона  то мактабкушоии як...

Аз орзуи доштани «Hot dog»- хона  то мактабкушоии як ҷавони 20-сола (Видео)

-

Сироҷиддин Файзалиеви 20-сола орзу дошт нутқаи фурӯши «Hot dog» боз кунад. Ҳамагӣ чанд ҷумлаи роҳбари Алиф Банк Абдулло Қурбонов ба ӯ ангеза дод, ки фикрашро тағйир дода, мақсади бузургтаре назди худ гузорад. Ҳоло Сироҷиддин маркази забономӯзӣ боз кардааст.

Сироҷиддин Файзалиев, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи давлатии Бохтар дар макази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар маркази забономӯзӣ таъсис додааст. Ӯ сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, ҳанӯз 20 сол дорад.

Ба гуфтаи ӯ дар водии Вахш алоқамандони омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ нисбат ба чанд соли пеш бештар шудааст.

Дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар беш 20 маркази забономӯзӣ фаъолият мекунад. Бо вуҷуди рақобати шадид, Сироҷиддин Файзалиев маркази забономӯзии “Ҷавонон”-ро таъсис дод. Ӯ мегӯяд, корҳои барасмиятдарориро пурра анҷом дода, феълан беш аз 30 нафар дар марказ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Дар ин марказ забонҳои англисию русӣ, чинию олмонӣ ва туркӣ омӯзонида мешавад. Ҳар забономӯз барои як моҳ ба ин марказ бояд 100 сомонӣ пардохт намояд, ки дар тафовут ба дигар марказҳои забономӯзӣ арзон аст.

Сироҷиддин Файзалиев дар аввал нақшаи кушодани дӯкони хурди хӯроквориро кашид, вале баъдтар фикрашро дигар кард.

“Худам донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ ҳастам. Вақте дидам, ки алоқамандони омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст, тасмимамро дигар кардам. Ва бо пешниҳоду дастгирии чанд устоди донишгоҳ ин марказро таъсис додам.”,-мегӯяд Файзалиев.

Айни ҳол дар маркази забономӯзии “Ҷавонон” чаҳор донишҷӯи донандаи забонҳои хориҷӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Муҳаммад Имомназари 21-сола яке аз онҳост, ки мегӯяд, ҳанӯз донишҷӯи курси дуюм аст ва корашро дар Ватан пайдо кардааст. Ҳоло ба хоҳишмандон забони русиро меомӯзонад. “Хурсанд ҳастам, ки соҳиби ҷой кор ва маош гардидам. Бояд чунин марказҳо зиёд бошад то ҷавонону наврасон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул гарданд. Фаъолияти марказро ҳанӯз як моҳ нашудааст, вале алоқамандони омӯзиши маркази мо рӯз аз рӯз афзӯда истодааст”,- нақл мекунад Муҳаммад Имомназар.

Дар вилояти Хатлон марказҳои забономӯзӣ кам нестанд, вале қаҳрамони мо Сироҷиддин Файзалиев бовар дорад, ки дар оянда сафи шогирдонашон зиёд шуда, дар инҷода муавффақ мешавад.

Амонҷон Муҳиддинов 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад