МУВАФФАҚИЯТҒизои мактабӣ. 1800 мактаб аз ғизо баҳравар аст

Ғизои мактабӣ. 1800 мактаб аз ғизо баҳравар аст

-

Раҳим Саидзода, вазорати маориф ва илм бо Симон Ҳоллема, намояндаи кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) мулоқот намудааст. Ин вохӯрӣ, 7 май дар Вазорати маориф баргузор шуда, таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 таъкид шудааст.
Айни замон Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ зиёда аз 1800 муассисаи таҳсилоти умумиро бо орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва нахуд таъмин мекардааст.
«Амалисозии барномаи мазкур бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва падару модарон ба роҳ монда шуда, онҳо хароҷоти коммуналӣ, аз ҷумла, пардохти нерӯи барқ, об, сӯзишворӣ ва дигар хароҷоти вобастаро таъмин менамоянд.»,-омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Гуфта шудааст, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатӣ аз соли 2022 маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои ташкили ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ оғоз гардидааст. Дар натиҷа, шумораи муассисаҳои фарогири барнома аз 43 муассисаи соли 2022 ба 176 муассиса дар соли 2026 расида, ҳаҷми маблағгузорӣ аз 5,5 миллион сомонӣ то ба 37 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Акс аз манбаъҳои боз
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад