ОЛАМИ МАҶОЗӢCAPS LOCK тугмаи наҳс?

CAPS LOCK тугмаи наҳс?

-

22 октябр Рӯзи ҷаҳонии тугмаи CAPS LOCK аст. Вазифаи ин тугма он аст, ки бо пахшаш метавон ҳамаи ҳарфҳоро калон навишт.

Дар аввал, ин барои истифодабарандагоне пешбинӣ шуд, ки бо баъзе сабабҳо матнро бо ҳарфҳои калон ҳуруфчинӣ мекарданд. Барояшон нороҳаткунанда буд, ки пайваста тугмаи Shift -ро пахш кунанд. Зеро, барои навиштани матн бо ҳарфҳои калон ва пайваста нигоҳ доштани тугмаи Shift вақт сарф мешавад.

Агарчи бо пайдо шудани тугмаи CAPS LOCK дар лавҳакалид (клавиатура) кори ин гурӯҳ осон шуд, вале дар интернет паҳни матн бо ҳуруфи калон маънои фарёд (SCREAM,VOICE UP) задан ё эътирозро касб кард.

Ҳол онки матни чопшуда бо ҳарфҳои бузург ё мукотиба бо ин гуна ҳарфҳо-рамзи ҷалби таваҷҷӯҳ, ё нишон додани маълумоти махсусан муҳим низ ҳаст.

Ин рӯз (Рӯзи CAPS LOCK) аз соли 2000 таҷлил мешавад ва идеяи пайдоиши онро ба сокини Айова Дерек Арнолд рабт медиҳанд, ки хост онҳоеро, ки ибораву калимаҳоро бо ҳарфи калон менависанд, масхара намояд. Аммо, ин ҷашн ба таври ҳайратангез маъруфияти бузург пайдо кард ва ҳатто бо мурури замон шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намуд — онро дар бисёр кишварҳо ҷашн мегиранд.

Соли 2001 дар Шветсия як маъракаи воқеии оммавӣ бар зидди тугмаи CAPS LOCK оғоз ёфт, ки таҳти роҳбарии Линус Маккэйб – поягузори сомонаи www.anticapslock.com роҳандозӣ шуд. Ҳадаф маҷбур кардани истеҳсолкунандагони компютер барои аз лавҳакалид хориҷ кардани ин  тугмаи “бадбахт” ё наҳс буд. Пас аз муддате ин иқдомро Питер Ҳантҷенс (Pieter Hintjens) аз Брюссел дастгирӣ кард, ки сомонаи capsoff.org -ро фаъол кард. «Тугмаи CAPS LOCK зишт аст»- гуфта буд ӯ.

Мубориза бар зидди CAPS LOCK ҳоло ҳам фаъолона идома дорад ва нафраткунандагони тугмаи бадбахт аллакай барои тарҳрезии «клавиатураи оянда» озмун эълон кардаанд, ки дар он CAPS LOCK албатта нахоҳад буд.

Тугмаи CAPSLOCK як услуби чопгарҳои кӯҳна аст, ки дар он вазифаи оддии нигоҳ доштани Shift -ро иҷро мекард. Чаро усули дигари ба таври механикӣ анҷоми ин кор ихтироъ нашудааст, то ҳол сирре боқӣ мемонад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад