БОЛСалмон дар Олмон: таҳсил+кор

Салмон дар Олмон: таҳсил+кор

-

БОЛ — аз баландпарвозиҳо ба саросари олам ва аз кору таҳсили ҷавонони тоҷики хориҷи кишвар қисса мекунад. Меҳмони навбатӣ Салмон Юнусов аст, ки аз кору таҳсилаш дар Олмон қисса мекунад. 

Ин ҷавони тоҷик бо барномаи «Ausbildung» ба Олмон расид ва ба ҷуз таҳсил, кор низ мекунад.

Тибқи ин барнома ҷавонони аз 18 то 30-сола метавонанд ба Олмон роҳ ёфта, пас аз хатми муассисаи касбомӯзӣ дар дигар макотиби олии ин кишвар таҳсили хешро идома диҳанд.

Салмон мегӯяд, таҳсил душвор нест, зеро, як ҳафта дарс ва ҳафтаи дигар дониши хешро дар амал тадбиқ менамоянд.

Ӯ мутахассиси низоми гармидиҳию сардидиҳӣ ба манзилу коргоҳҳо мегардад. Ба нақли Салмон, дар як рӯз 8,5 соат кор мекунад ва барои кораш музд низ мегирад.

«Бо барномае, ки мо ба ин кишвар омадаем, ҳар нафаре, ки синнаш аз 18 то 30-сола аст ва забони олмониро то андозае медонад, имкони таҳсилу корро пайдо мекунад.»— гуфт ӯ.

Салмон соли сеюм аст, ки дар Олмон таҳсил дорад ва дар миёни ҳамсабақонаш пешсаф буда бо баҳои аъло мехонад. Устодонаш аз ӯ тавсиф карда, Салмонро намуна мегуфтанд, ки «бубинед, як меҳмон аз шумо олмониҳо беҳтар таҳсил мекунад!» 

Салмон тариқи Instagram (зиёда аз 16 ҳазор обуначӣ дорад) ва TikTok (2 ҳазор обуначӣ) дар бораи чӣ гуна ба Олмон рафтан, инчунин баъзе калимаҳову ҷумлаҳои зарурии олмониро меомӯзонад.

Салмон хатмкардаи Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буда, ҳамзамон, як сол дар ин муассисаи олии кишвар таҳсил кардааст.

Ҳафзилллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад