ЗАБОНОМӮЗӢҶанг Лей: баъзе аз ибораи ровиёни шабакаҳои телевизиониро намефаҳмам...

Ҷанг Лей: баъзе аз ибораи ровиёни шабакаҳои телевизиониро намефаҳмам (Садо)

-

Ҷанг Лей, омӯзгори забони чинӣ ду соли аввали кор дар Тоҷикистон зиёд азоб кашида, дар ниҳоят маҷбур мешавад то забони тоҷикиро аз худ намуда, корашро осон намояд.

Пас аз ифтитоҳи Маркази забономӯзии Конфутсий дар Тоҷикистон сафи забономӯзони хитоӣ дар кишвар афзуд. Ҷанг Лей аз ҷумлаи омӯзгоронест, ки ҳанӯз ҳашт сол қабл моҳи ноябри соли 2013 ба Тоҷикистон омада буд.

Муаллима Ҷанг Лей соли 1987 дар вилояти Шинҷони Чин таваллуд шудааст. Лей зинаи бакалаврро дар Донишгоҳи Шихиз бо ихтисоси забони англисӣ ва зинаи магистратураро дар Донишгоҳи омӯзгории Шинҷон бо ихтисоси забоншинос хатм карда, чӣ гуна ба Тоҷикистон омаданашро чунин қисса кард:

“Мо омӯзгорони хитоӣ тариқи барномаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Чин ба Маркази забономӯзии Конфутсия ба Тоҷикистон омадем. Пас аз гирифтани имтиҳон ба мо омӯзгорон ҳуқуқи интихоби озоди давлати сафармекарда дода шуд, яъне, ба кадоме аз кишварҳои Осиёи Миёна мехостем сафар мекардем. Вале ман маҳз Тоҷикистонро интихоб кардам, агарчи аз фарҳанг ва забонаш умуман огаҳӣ надоштам. Сабаби интихоби Тоҷикистон ин буд, ки аз ин кишвар дар Донишгоҳи омӯзгории Шинҷон чанд ҳамсабақ доштам.”

Ҷанг Лейро ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ-хитоӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мефиристанд. Ба нақли муаллима Ҷанг, соли 2013 вақте ӯ ба Донишгоҳи омӯзгорӣ меояд, инҷо ихтисоси забони хитоӣ вуҷуд надошт, вале пас аз мусоидати роҳбарияти муассиса ва иҷозатномаи Вазорати маориф ва илм ду ихтисос – забони англисӣ-хитоӣ ва тарҷумони забони хитоӣ ифтитоҳ мешавад.

Ба нақли ин муаллимаи чинӣ, ду соли аввали кору зиндагӣ дар Тоҷикистон барояш хеле мушкил буд, чун ӯ забон тоҷикиро умуман намедонист.

“Теъдоди донишҷӯён зиёд, аммо забони англисиро намедонистанд, ки аз ин тариқ,  забони хитоиро барояшон омӯзонам, агарчи дар гурӯҳи англисӣ мехонданд. Надонистани забон аз як тараф, аз тарафи дигар бо донишҷӯёни тоҷик хеле азоб мекашидем ва мавзӯҳои дарсӣ аз нақшаи таълимӣ қафо мемонд.”, — мегӯяд муаллима Лей.

Ҷанг Лей дар ҳалқаи хатмкунандагон дар саҳни Донишгоҳи омӯзгорӣ

Пас аз гузашти ду соли зиндагиву фаъолият дар Душанбе муаллима Ҷанг тасмим мегирад, ки худ бояд забони тоҷикиро омӯзад то раванди дарс бо забони худашон осон гардад. Ҷанг Лей соли 2016 аз омӯзгори тоҷик, ки дар Маркази забономӯзии Конфутсия фаъолият мекард, омӯхтани забони тоҷикиро оғоз мекунад:

“Ҳафтае се бор муаллими тоҷик ба ман забони тоҷикиро меомӯзонд. Ман аз алифбои тоҷикӣ оғоз карда то забони модарӣ ҳама китобҳоро хондам. Асосан худомӯзии худам ва муоширати пайвастаи тоҷикӣ бо атрофиён буд, ки имрӯз ман тоҷикиро аз худ кардам. Ҳоло ман пурра тоҷикиро мефаҳмам, гап зада метавонам ва хати сириликро хонда метавонам. Шурӯъ аз соли 2018 то ба имрӯз дигар дар фаҳмонидани дарсҳои хитоӣ ба донишҷӯёни тоҷик мушкилие пеш намеояд. Агар англисӣ гап занам нафаҳманд, бо тоҷикӣ ҳафр мезанам ва онҳо зуд мавзӯро дарк мекунанд”.

Ҳангоми сайру гашт

Ҷанл Лей мегӯяд, дар ин миён ӯ танҳо баъзе аз ибораву мафҳумҳои ровиёни шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро намефаҳмад. Муаллимаи чинӣ яке аз лаҳзаҳои хотирмон аз раванди гузаштани дарсҳо бо забони хитоиро ба донишҷӯёнро чунин нақл кард:

“Соли 2014 дар дарси амалӣ ду донишҷӯро, ки яке хитоиро хуб медонисту дувумӣ не, ба тахтаи синф баровардам. Байнашон мавзӯъ барои гуфтугӯро фаҳмонидам, аммо донишҷӯи дувумӣ ба саволҳои ҳамкурсаш ҷавоб додан наметавонист. Бинобар ин, ман бо забони чинӣ “хола-хола”, яъне, “бас-бас” шинед гуфтам. Вале нафаре, ки хитоиро намедонист, гуфт: “муаллима чи хели хола? ман бачаам!”, ки ҳама донишҷӯён хандиданд. Баъдан ман ба ӯ маънои калимаро ба тоҷикӣ фаҳмонидам.”

Ин муаллимаи чинӣ мегӯяд, фарҳангу маданияти миллати тоҷик ва обу ҳавои Тоҷикистон барояш писанд буда, ҳашт соли тиллоии умри хешро инҷо сарф кардааст.

Нуралӣ Карим

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад