ЗАБОНОМӮЗӢҶей чаро Тоҷикистонро дӯст дошт? (Видео)

Ҷей чаро Тоҷикистонро дӯст дошт? (Видео)

-

Ҷей Рич аз Иёлоти Мэриленди Амрико аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Мэриленд буда, дар Коллеҷи Парк давраи бакалавр ва Донишгоҳи Ҳавайӣ дар Моана дараҷаи магистрро соҳиб гардидааст. Дараҷаи бакалаври ӯ забоншиносӣ (олмонӣ ва форсӣ) ва дараҷаи магистриаш омӯзиши забонҳои дуввум мебошад.

Ҷей ҳоло донишҷӯи барномаи FULBRIGHT  мебошад ва барои мубодилаи забони англисӣ ва рушди дониши шахсии хеш дар Тоҷикистон қарор дорад ва талош мекунад бо равиши осон забони англисиро ба ҷавонон омӯзад.

Ин сафари чаҳоруми ӯ ба Тоҷикистон буда, соли 2013  бори аввал замони донишҷӯияш ба кишвари мо омад.

Табиати зебову ҷаззоб, куҳҳои осмонбӯс, инсондӯстию меҳмоннавозӣ ва урфу одати тоҷикон ба ӯ бисёр писанд омада, ҳар бор пеш аз бозгашт ба Амрико орзуи бозгашт ба Тоҷикистонро мекунад.

Ҷей бо забони форсӣ-тоҷикӣ зебову равон суҳбат мекунад ва мусоҳибаи мо низ бо ӯ ба забони тоҷикӣ сурат гирифт. Бинандаи азиз, мусоҳибаро бубинед ва ба сатҳи забондонии меҳмони мо- ҷаноби Ҷей Рич баҳо диҳед.

Дар Тоҷикистон чӣ чиз ба назари Шумо аҷиб менамояд?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ман чизҳои аҷиб хеле зиёданд. Аслан Амрико як кишвари куллан дигар аст. Тоҷикистон аз он хеле тафовут дорад. Барои ман ин аҷиб аст, ки мардуми инҷо ба ҷуз забони давлатӣ, боз ба забонҳи мухталифи хориҷӣ, аз қабили  забони русӣ озодона суҳбат карда метавонанд. Ҳамчунин дар мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун фанни таълимист. Бар замми ин, мардуми тоҷик  муҳоҷират ба Русия мераванд.

-Аз чӣ лаззат мебаред?

-Ман аз табиати инҷо, аз дарёву куҳҳо, тарабхона ва дигар чизҳои ҷолиб лаззат мебарам.

ӣ чизи ҷолиберо мушоҳида кардед?

-Як чизи аҷиберо мушоҳида кардам, ки дар роҳ мардуми инҷо ба якдигар салом медиҳанд. Дар шаҳри Бохтар мардум қариб ҳама якдигаро мешиносад. Ҳангоми дидани якдигар аз аҳволи ҳам пурсон мешаванд ва ин барои мардуми Амрико аҷиб аст.

-Лутфан, назаратонро дар бораи ҷавонони тоҷик бигӯед

-Албата, дар ҳар ҷойе ҷавонон ҳастанд. Ҷавонони тоҷик бошанд хеле заҳматкашанд. Барои ояндаи давлат ва  зиндагии хеш бисёр кушиш мекунанд,  меомӯзанд, кор мекунанд, ки ин хеле хуб аст.

Ҷавонони Амрикои бештар ба телевезион ва Интернет рӯйи овардаанд. Иртибот байни онҳо бо тафовут ба ҷавонони тоҷик тариқи интернет сурат мегирад. Ин боиси кам гардидани рафоқат байни онҳо мегардад.

-Кадом хӯроки миллӣ-тоҷикиро меписандед?

Хӯроки мухталифи тоҷикиро хӯрдам. Ош, манту, самбуса, қурутоб. Аммо аз ҳамаи инҳо қурутоб бомаззатар аст. Агар метавонистам ҳар рӯз қурутоб мехӯрдам.

Салоҳиддини Айнидин

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Рамзиддин Ҷӯраев: набудани муҳити дастрас моро маъюб мекунад

Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” барои маъюбон як қатор имкониятҳо пешбинӣ кардааст ва ба онҳо иҷозат медиҳад, ки худ соҳибкории...

Таҳрири нодурусти суханронии Трамп сари ду роҳбари BBC-ро хӯрд

Таҳрири нодурусти суханронии президенти ИМА Доналд Трамп боиси истеъфои ду раҳбари баландпояи BBC гардид. Директори генералӣ Тим Дейви ва...

Аз Windows 11 як хусусияти муфид барои смартфонҳоро хориҷ гардид

Аз Windows 11 як хусусияти муфид барои смартфонҳо хориҷ карда шуд. Пайвастшавӣ бо телефон дигар аксҳоро аз смартфон намоиш...

Meta миллиардҳо доллар аз таблиғоти қаллобон ба даст меорад

Тақрибан 10% даромади солонаи Meta дар соли 2024 аз рекламаи қаллобӣ ва молҳои мамнӯъ ба даст омадааст. Meta (Facebook, Instagram...
spot_imgspot_img

Қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мубориза бо фассодро муассир мегардонад

Коррупсия мисли як вирус ҷомеаро аз дохил вайрон мекунад, он ба иқтисодиёт зарар мерасонад, эътимод ба ҳукуматро коҳиш медиҳад...

Samsung смартфони сеқатъшавандаи худро намоиш дод

Ширкати Samsung смартфони нави худро бо экране, ки сеқатъ мешавад, намоиш дод. То ҳол номи расмии он эълон нагардидааст,...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад