МУВАФФАҚИЯТДар Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 чӣ рӯх дод?

Дар Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 чӣ рӯх дод?

-

Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest-2021) ҷамъбаст гардид. Ин чорабинӣ 25-26 сентябри соли равон дар  Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар рӯзи аввали фестивал, ситораҳои эстрадаи тоҷик, Иззат Шарифӣ, Мадина Акназарова, Нобовар Чаноров, Фарзонаи Хуршед, Баха 84, Шаҳбози Акобир, Барон ва сарояндаи машҳуру хушовози Эрон Арон Афшор, бо табъи меҳмононро болида гардониданд.

“Рӯзи дуюми фестивал, сарояндаҳо Зикрулло Ҳакимов, Зулайхо Маҳмадшоева, Шабнами Сурайё, инчунин ду ситораи сатҳи ҷаҳонӣ Юлдуз Усмонова ва Ҳамид Ҳирод бо суруду таронаҳои дилнишин хотири сокинону меҳмонони пойтахтро шод намуданд.”-хабар медиҳад сомонаи шаҳрдорӣ.

Дар фестивал парвоз дар кураҳои ҳавоӣ, бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон пешкаш гардид.

Соли сеюм аст, ки фестивали мазкур баргузор  мегардад ва имсол даромадгоҳи Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, иштирокдорони фестивал, бахусус меҳмонони хориҷӣ аз маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намуда, баҳри боз ҳам шавқовар гардидани барнома, бозиҳои бурдҳои қимматнок ташкил карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ-2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2021» гузаронида шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад