CАЙЁҲАТҲамсари сафири ИМА: тарзи салом доданатон бароям писанд аст

Ҳамсари сафири ИМА: тарзи салом доданатон бароям писанд аст

-

Наталя Поммершайм, ҳамсари Ҷон Марк Поммершайм, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон буда, моҳи марти соли равон аз зиндагии Наталя дар Тоҷикистон 2 сол пур шуд.

Наталя зодаи Белорус буда, дар Амрико таҳсил кардааст. Ӯ омӯзгор мебошад ва давоми зиндагии якҷоя бо шаҳвараш Ҷон Марк Поммершайм соҳиби се фарзанд (писар) шудаанд.

Хабарнигори мо бо Наталя Поммершайм мусоҳибае анҷом дода, атрофи кору пайкораш дар Тоҷикистон пурсон шуд, ки фишурдаи он пешниҳоди шумо мегардад.

Қабл аз ба Тоҷикистон омаданатон, дар бораи ин кишвар чӣ медонистед: ин кишварро чӣ гуна тасаввур мекардед ва чӣ гуна дарёфтед?

-Пеш аз омадан ба ин кишвар, каме дар борааш хондаам, танҳо барои шиносоӣ бо кишвар ва мардуми он. Яъне, ончи хондам, ҳамонро дар ин ҷо дарёфтам. Аз ин рӯ, ман хеле хушҳолам, ки дар ин гӯшаи ҷаҳон зиндагӣ мекунам. Ман бо бисёр одамони ҷолибу зирак мулоқот кардам, ки дар ҳаёташон ҳадафҳо доранд, аҳлона бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Шумо кӯҳҳо ва табиати аҷибе доред. Дидани чунин ҷанбаҳои мусбат бароям  хушоянд аст.

Табиати Тоҷикистон ба Шумо писанд омад?

-Комилан. Ману ҳамсарам кушиш мекунем, ки ҳар ҳафта (рӯзҳои истироҳат) кӯҳгардӣ намоем. Боду ҳавои он ҷо хуб аст, ҳамчунин маконҳои зебо доред. Ман фикр намекунам, ки пештар дар кишваре бо чунин зебоиҳо зиндагӣ карда бошам.

Шумо дар кадом кӯҳҳо кӯҳгардӣ кардед?

-Мо ба минтақаи писандидаи худ- Варзоб меравем, ки эҳтимол одамони зиёд аз ин ҷо истифода мебаранд. Варзоб бисёр мавзеҳои кӯҳгардӣ дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар баҳор ба мавзеҳои лолазори манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар намоем. Шумо хеле кӯҳҳои зиёд доред ва ҳатто ҳангоме, ки ба атрофи инҷо назар мекунем, ниҳоят кӯҳҳои зиёдро мебинем.

Оё Шумо аз Сафеддара дидан кардед?

-Бале. Ману шавҳарам зимистони имсол ба сабаби пандемия он қадре, ки мехостем, ба Сафеддара рафта натавонистем. Зимистони қаблӣ лижаронӣ мекардем.

Хушоянд аст, вақте мебинӣ, ки одамон онҷо рафта, лижарониро меомӯзанд ва ин имконияти хуб ҳам аст. Ману шавҳарам дар маконҳои лижаронии Аврупо, ИМА ва дигар маконҳое, ки чунин имкониятро дорад, лижаронӣ кардаем. Хушҳол шудам вақте дар бораи ин нуқтаи ёдгирии лижаронии Душанбе иттилоъ гирифтам.

Аз Тоҷикистон чи чизҳои хоссе омӯхтед, ки зимни бозгашт ба Амрико ё кишвари дигар аз он метавонед истифода намоед?

-Ба ман он тарзе, ки мардум дасташонро болои синаашон гузошта, якдигарро салом медиҳанд, бисёр писанд омад ва ин хеле ҳаракати хубе ҳаст. Эҳтимол ман худам ин корро кунам. Фарҳанги ин ҷо хеле зебост ва мардумаш эҷодкор ҳастанд. Ман бисёр бинову сохтмон, кандакорию тасвирҳои ҷолибе дар деворҳо дидам. Ин  чизе буд, ки маро ба ҳайрат овард. Яъне, ман инро итизор набудам. Одамони зиёдеро бо ҳунарҳои гуногун дидам, ки маҳсулоти зиёди зеборо меофаранд, Ин бисёр ҳам бароям хушоянд буд.

Аввалин хӯроки тоҷикие, ки Шумо тамъи онро чашидед ва аввалин либоси тоҷикие, ки ба бар кардед, чи буданд?

-Ман оши палав ва бисёр хӯрокҳое ки дар ин ҷо хурдам, қабл аз ин, замони иқомат дар Қазоқистон хурда будам. Хӯрокҳо хеле монанданд. Аммо фикр мекунам аз ҳама болаззаттарин хӯроке, ки истеъмол кардам- Қурутоб буд.  Ин хеле хӯроки болаззат ва серғизо аст. Аммо ман бояд аз хурдани зиёди хӯрокҳои серғизо худдорӣ кунам.

Ба кадом минтақаҳои Тоҷикистон сафар кардед ва бо чӣ таассуроте баргаштед?

-Мутаассифона, ман ба андозаи шавҳарам сафар накардаам. Мо як сол қабл аз пандемия ба Хуҷанд сафар кардем. Хуҷандро муосир ва бо бисёр одамони хуб пайдо кардем. Ин ягона сафари ман буд ва ният дорам, ки аз Бадахшон дидан намоям. Ман дар бораи кӯҳҳои онҷо бисёр чизҳои хуб шунида будам ва мехоҳам дар он ҷо аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ дидан кунам. Ман омӯзгор ҳастам ва ба таҳсил таваҷҷуҳ дорам. Аз ин рӯ, мехоҳам ин корро идома диҳам ва умедворам мо ояндаи наздик ин корро амалӣ карда метавонем.

Чанд ҷумлае даро бораи фарзандонатон бигӯед. Оё ягон нафари онҳо аз Тоҷикистон дидан кард?

-Бале, писари хурдиам чанд маротиба ба дидани мо омада буд. Ӯ донишҷӯи донишгоҳ аст. Мутаассифона, ду писари калонии мо омада натавонистанд, зеро онҳо онҷо кор мекунанд, нақшаи корӣ доранд. Шумо медонед, ки то ин ҷо расидан тақрибан ду рӯз вақтро мегирад. Онҳо  ваъда доданд, ки баҳори соли оянда ба хабаргирии мо меоянд.

Оё шумо  дар ин ҷо боре ягон навъи либоси тоҷикӣ ба бар кардед?

-Ман як либоси махсусе дорам, ки ба фикрам онро ҷома мегӯед.  Онро дар идҳо мепӯшам. Ман ин либосро хеле зебо ва бо рангҳои зиёд дарёфтам. Либосҳои миллӣ ҷаззобанд ва ман мефаҳмам, ки чӣ қадар талошу ҳунар барои омодасозӣ: дӯхтан, бофтан ва тарроҳӣ сарф мешавад.

Тавре огаҳӣ дорем, шумо аз чандин кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо дидан кардаед. Ба назари Шумо, фарҳангу анъанаҳои Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёву Аврупо чӣ тафовут дорад?

-Мо дар бисёр кишварҳо зиндагӣ мекардем, тавре ки инҷо зиндагӣ дорем. Мо дар Олмон, Чин, Ҷопон, Русия ва Қазоқистон. Ҳамин тавр, ман фикр мекунам, ки ҳар фарҳанг дар навбати худ беназир аст, ҳар як кишвар беназир аст. Ман аз зиндагӣ дар ин кишварҳо лаззат бурдам, зеро, онҳо ба хориҷиён имкониятҳои гуногун ва таҷрибаҳои гуногун фароҳам оварданд. Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳо тафовуташ дар он аст, ки ба расму анъанаҳо бештар пойбанд аст.

Агар аз Тоҷикистон биравед, чи чизеро ба Амрико ё ҳар кишвари дигаре, ки ба он сафар хоҳед кард, бо худ мебаред?  

-Дар асл ман зиёд харидорӣ намекунам. Ман кӯшиш мекунам, тасвиру зарфҳое, ки ҳунармандони маҳаллӣ омода мекунанд, бо худ гирам. Расм ё ҳар он чизи дигаре, ки эҷодиёти мардуми тоҷикро нишон медиҳад ва ҳамеша Тоҷикистонро ба ёди ман меорад.

Пас аз тарки Тоҷикистон дубора ба ин ҷо баргаштан мехоҳед ва аз Тоҷикистон чиро ба ёд хоҳед овард?

-Пас аз 10-15 соли тарки Тоҷикистон, мехоҳам дубора ба ин ҷо баргардам ва аз пешравии ҷомеа ва рушди ин кишвар дидан намоям. Боздид аз дигаргуниҳо хеле хуб аст.

Мехоҳам бубинам, ки чи тавр Душанбе рушд мекунад. Мушкилоте, ки ҷомеаро ба ташвиш овардаанд чи тавр бартараф шуданд.

Оё шумо сурудҳои тоҷикӣ гуш мекунед?

-Ман ҳар рӯз ҳангоми ба кор рафтан радиоро рӯшан карда, суруди тоҷикӣ гӯш мекунам. Агарчи маънои онҳоро намефаҳмам. Вале мусиқияшро бисёр дӯст медорам. Мусиқиҳои шумо гӯшнавозу зебо ҳастанд. 

Дар Точикистон ба чӣ шуғл меварзед?

-Ман аз мутолиаи зиёд ҳаловат мебарам. Кушиш мекунам аз навгониҳо бохабар бошам. Дар ин ҷо ба мушкилоти занҳо бештар таваҷҷуҳ дорам ва ҳамчунин хабарҳои фарҳангиро пайгирӣ мекунам. Ман бо бисёр занони муваффақи тоҷир вохӯрдам.

Пештар қайд кардам, ки ману шавҳарам кӯҳнавардиро дӯст медорем ва ба қадри тавонамон ба он машғул мешавем. Ман мулоқот бо одамони оддиро дар деҳаҳо ва шаҳрҳои хурд меписандам. Ин бароям хеле ҷолиб аст. Чунки ин ҷойҳо дар муқоиса бо дигар кишварҳо хеле тафовут дорад.  

Ташаккур барои як суҳбати самимӣ!

Мусоҳиб: Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

YouTube давомнокии Shorts-ро ба се дақиқа мерасонад

YouTube давомнокии видеоҳои кӯтоҳ ё Shorts-ро зиёд мекунад. Видеохостинги YouTube давомнокии видеоҳои Shorts-ро аз як дақиқа то ба се...

Хатлон: дар ду рӯз нақши даъват иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш дар вилояти Хатлон ҳамагӣ дар ду рӯз иҷро шуд. ВМКБ аз аввалинҳо шуда,...

Озордиҳӣ ҷиноят аст!

Таҳқир, дашном, масхара, табъиз, таҳдиди расонидани зарари ҷисмонӣ, даст расондан, таҷовузи ҷинсӣ ё дигар шаклҳои ҳамлаи ҷинсиву ҷисмонӣ ҳаррасмент...

Озмуни Кумитаи кор бо занон ва оила: беҳтарин маводи назму наср дар мавзӯи тарбия

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Озмунеро бо номи "Тарбия аз оилаи сарчашма мегирад" эълон намуд,...
spot_imgspot_img

Шикасти Истиқлол аз «Сипоҳон»-и Исфаҳон

Қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи "Истиқлол" дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 дар гурӯҳи "С" аз барандаи медали...

Файзалӣ Сардоров довталаби ҷоизаи беҳтарин футзалбози сол дар Осиё

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати довталабони ҷоизаҳои солонаро эълон кард. Дар рӯйхати довталабон ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Файзалӣ Сардоров низ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад