ҲАЁТИ СОЛИМВеликий Новгород — гаҳвораи таърих ва фарҳанги Руссия

Великий Новгород — гаҳвораи таърих ва фарҳанги Руссия

-

(Таассуроти блогнависи тоҷик Шералӣ Давлатов аз сафар ба шаҳри бостонӣ дар доираи 19-умин Форуми фарҳангии Руссия)

Великий Новгород яке аз қадимтарин шаҳрҳои Руссия ба ҳисоб меравад, ки таърихи он ба асри IX рост меояд. Маҳз дар ин шаҳр пояҳои аввалини давлатдории Руси Қадим гузошта шудаанд. Новгород дар тӯли асрҳо ҳамчун маркази савдо, ҳунармандӣ ва фарҳанг шинохта шуда, нақши муҳимеро дар ташаккули тамаддуни русӣ бозидааст.  Кремли Новгород, калисои Софияи муқаддас, дарёи Волхов — ҳама инҳо мисли саҳифаҳои зиндаи китобе ҳастанд, ки ҳар меҳмонро ба дунёи асрҳои гузашта мебаранд.

Фарҳанг, театр ва кино — рӯҳи зиндаи Новгород

Имрӯз ин шаҳр на танҳо осорхонаи кушодаи таърихи рус, балки маркази фаъоли фарҳанг мебошад. Дар ин ҷо Театри давлатии драмаи ба номи Ф.М. Достоевский фаъолият мекунад, ки яке аз қадимтарин театрҳои минтақа ба шумор меравад. Намоишҳои театрӣ, ҷашнвораҳои мусиқӣ ва фестивалҳои кино, ки дар Великий Новгород баргузор мегарданд, ба рушди муҳити фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои бостонӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Шералӣ Давлатов дар Великий Новгород

Бисёр филмсозон низ маҳз ин шаҳрро барои сабти асарҳои таърихии худ интихоб мекунанд, зеро кӯчаҳои сангфарши қадимӣ ва меъмории нотакрори Новгород фазои махсуси бадеиро фароҳам меоранд.

Сафари мо ба ин шаҳри орому зебо дар доираи 19-умин Форуми фарҳангии Руссия буд, ки бароиям хеле як таҷрибаи арзишманд ва илҳомбахш буд.

“Великий Новгород шаҳри ором, зебо ва пур аз таърих аст. Ҳис мекардам, ки ҳар кӯча ва ҳар бинои он достони худро дорад. Барои ман, ҳамчун шахсе, ки фарҳанг ва таърихро дӯст медорад, ин сафар на танҳо як саёҳат, балки як дарси зиндаи маърифат буд,”

Дар доираи ин сафар ман барои аудиторияи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи видеоӣ ва аксбардорӣ омода намудам, ки таъриху зебоии шаҳрро тавонистам ба ҳазорҳо пайрави худ муаррифӣ кунам. Қисмати ҷолиби дигар ин буд, ки чандин нафар аз обуначиҳои ман аллакай дар ин шаҳр зиндагӣ мекардаанд ва онҳо низ дар зери наворҳо фикрҳои худро вобаста ба он ки чихел мардуми хубу меҳрубон дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд, навиштанд. Ҳамзамон боз чандин нафар обуначии нав пайдо кардам.

“Мехостам нишон диҳам, ки фарҳанг ва таърих танҳо дар китобҳо нестанд — онҳо дар ҳар санги кӯҳна, дар ҳар чеҳраи сокинон ва дар фазои шаҳр зиндагӣ мекунанд,” Маҳз ба ин хотир ман намуне аз плёнкаи ҳақиқие, ки бо он филми тасвии машҳури замони кӯдакиям “Ну погади”- харидори карда ба Тоҷикистон овардам. Ин барои ман беҳтарин туҳфа аз ин шаҳри дилнишин буд

Великий Новгород намунаи зиндаи пайванди гузашта ва имрӯз аст — шаҳрест, ки дар он таърих, меъморӣ ва фарҳанг бо ҳам ҳамоҳанг шудаанд. Сафар ба ин шаҳр на танҳо ошноӣ бо гузаштаи пурифтихори Руссия, балки имкони эҳсос кардани рӯҳи ҳақиқии фарҳанг аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...
spot_imgspot_img

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад