МУВАФФАҚИЯТҚарори вакилони пойтахт: манъи истифодаи электроскутер то 2030

Қарори вакилони пойтахт: манъи истифодаи электроскутер то 2030

-

Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ (ба истиснои воситаҳои инфиродии ба қайди давлатӣ гирифташуда) дар роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе то соли 2030 муваққатан манъ карда мешавад.
Қарори мазкур бо мақсади танзими фаъолияти бенизоми электросамокатҳо ва электроскутерҳо, коҳиши садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо, пешгирии халал ба ҳаракати муътадили нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард қабул гардидааст.
Раёсати ВКД дар ин замина, аз шаҳрвандон, хусусан волидони ноболиғон, даъват кардааст, ки фарзандонро бе назорат нагузоранд ва аз истифодаи воситаҳои манъшуда худдорӣ намоянд.
Тибқи иттилои пулиси пойтахт, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки ронандагони скутерҳо ва худравҳои барқӣ (самокат) 26 ҳолати садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар натиҷаи чунин қоидавайронкуниҳои дағалонаи ҳаракати роҳ, мутаассифона, 3 нафар ҷон бохта, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад