ҲАЁТИ СОЛИМАндешаи иштирокчиёни тадқиқоти сотсиологӣ: коррупсия ба як ҳолати...

Андешаи иштирокчиёни тадқиқоти сотсиологӣ: коррупсия ба як ҳолати муқаррарии ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандони кишвар табдил ёфтааст

-

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҷалби мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқоти маҷмуии сотсиологиро баргузор намуд.

«Таҳлили натиҷаи тадқиқот собит месозад, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа вуҷуд дошта, шаҳрвандон қариб дар ҳамаи сохторҳои давлатии дахлдор вобаста ба мушкилоташон дучор гардида, дар маҷмӯъ, тибқи андешаи аксари ба тадқиқот фарогирифташудагон ба як ҳолати муқаррарии ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандони кишвар табдил ёфтааст.»,-омадааст дар тадқиқоти маҷмуии сотсиологӣ.

Аз иштирокчиёни тадқиқоти сотсиологӣ пурсида шудааст, ки «Оё Шумо барои ҳалли ягон мушкилот ё татбиқи ҳуқуқҳои худ ба ягон нафар туҳфа ё пора додаед?» аксарият (ҳудуди 65%) аз додани посух худдорӣ кардаанд. Беш аз 20 дарсад дар тамоми ҷумҳурӣ гуфтаанд, барои ҳалли мушкилот пора додаанд.

Диграмма аз Ҳисобот доир ба ҷамъбасти натиҷаи тадқиқоти маҷмуии сотсиологӣ оид ба дарки коррупсия аз тарафи ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксарияти шаҳрвандон вуҷуди коррупсияро дар сохторҳои давлатӣ эътироф намуда, онро яке аз мушкилоти ҷиддии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ шумурдаанд. Бархе ҳатто қайд карданд, ки ин падида “ба як қисми рӯзгори ҳаррӯза табдил ёфтааст”.

  1. Соҳаҳои бештар осебпазир.
    Бино ба натиҷаҳо, ҳолатҳои бештар эҳсошавандаи коррупсионӣ дар соҳаҳои зерин мушоҳида мешаванд:
  • Маориф ва илм – 20%
  • Корҳои дохилӣ – 19%
  • Тандурустӣ – 16,7%
  • Адлия – 9,1%
  • Судҳо – 6,5%
  • Энергетика – 4,4%
  • Прокуратура – 3%
  • Мудофиа – 2,7%

«Вобаста ба талаб намудани пора ё тамаъҷӯӣ аз тарафи баъзе иштирокчиёни ҳолатҳои коррупсионӣ дар аксари минтақаҳо, бахусус минтақаҳои шаҳрӣ шаҳрвандон зерсохторҳои соҳаҳои маорифу тандурустиро ҳамчун ниҳоди фасодзада унвон намуданд. Тибқи мушоҳидаҳо фасодзада унвон намудани ин соҳаҳо сабабҳои худро дошта, сабаби асосиаш дар он аст, ки қариб кулли аҳолӣ, яъне сад дарсади шаҳрвандони мамлакат ҳатман корашон ба ин ду ниҳод: маориф (кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна, литсею коллеҷҳо, донишкадаю донишгоҳҳо ва ғайра) ва тандурустӣ (марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо, шифохонаҳо, таваллудхонаҳо ва ғайра) меафтад.»,-омадааст дар тадқиқот.

Дар дохили ин соҳаҳо, аз рӯи посухҳои шаҳрвандон, зерсохторҳои бештар дучори хатар, донишгоҳҳо, таваллудхонаҳо, шӯъбаҳои БДА ва САҲШ (ЗАГС), ки аксар вақт бо мардум мустақим алоқа доранд, ҳисобида шудааст.

Иштирокчини пурсиш сабабҳои асосии афзоиши коррупсияро чунин арзёбӣ карданд:

  • Маоши пасти хизматчиёни давлатӣ (34%);
  • Набудани шаффофият ва назорати муассир (27%);
  • Хешутаборпарастӣ ва бархӯрди манфиатҳо (20%);
  • Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон (19%).

Гарчанде бештари пурсидашудагон коррупсияро маҳкум мекунанд, қисме аз онҳо иқрор шуданд, ки ҳангоми ҳаллу фасли мушкилот “барои тезтар шудан” аз усулҳои ғайриқонунӣ истифода бурдаанд. Ин нишондиҳанда гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷомеа ҳанӯз фарҳанги тоқатнопазирӣ ба ин падида пурра шакл нагирифтааст.

Ба суоли инки «Маблағ, туҳфа ё хизматрасоние, ки Шумо пешниҳод намудед, хоҳиши худатон буд ё ба Шумо ишора карда гуфтанд?»-33 дарсад гуфтаанд барояш ишора карданд, 37%-и дигар гуфтаанд, «Аз ман талаб карданд»

Тадқиқоти мазкур нишон додааст, ки коррупсия на танҳо мушкили иқтисодию идоракунӣ, балки масъалаи фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа низ мебошад. «Ҷоннок намудани равобити эътимоднок миёни шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи зарурии огоҳии аҳолӣ оид ба оқибатҳои зараровари коррупсия ва муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳурот ба манфиати ҷомеа ва давлат буда, дар пешрафти соҳаҳои гуногун нақши муҳим дорад.»,-омадааст дар хулосаи «Ҳисобот доир ба ҷамъбасти натиҷаи тадқиқоти маҷмуии сотсиологӣ оид ба дарки коррупсия аз тарафи ҷомеа»

Тадқиқот дар ҳамаи минтақаҳои кишвар — ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, НТҶ ва шаҳри Душанбе — бо фарогирии 10 000 иштирокчӣ баргузор гардидааст. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад