ОЛАМИ МАҶОЗӢМаск ҷойгузини Википедия-ро пешниҳод кард

Маск ҷойгузини Википедия-ро пешниҳод кард

-

Ширкати xAI, ки аз ҷониби миллиардери амрикоӣ Илон Маск таъсис ёфтааст, таҳияи нусхаи алтернативии энсиклопедияи онлайн «Википедия»-ро эълон кард. Манбаъи нав, ки номи «Грокипедия» (Grokipedia) гирифтааст, мундариҷаро бо дарназардошти манобеъе эҷод мекунад, ки айни замон барои иқтибос дар «Википедия»-и аслӣ манъ шудаанд, ва барои истифодаи умум дастрас хоҳад буд. Дар бораи ин Маск дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.

Ин иқдом пас аз интиқоди модели мавҷуда ба миён омад, ки истифодаи баъзе воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун пояи воқеӣ барои мақолаҳо маҳдуд мекунад. Сармоягузори собиқ, Ҷон Лефевр, таъкид намуд, ки дар рӯйхати манобеи манъшуда дар Wikipedia чунин нашрияҳо, мисли Fox News, Breitbart, Daily Caller, Epoch Times, New York Post ва Federalist шомиланд.

Маск тавзеҳ додааст, ки масъулияти таҳияи «Грокипедия» бар дӯши ширкати зеҳни сунъии ӯ xAI аст, ки ба рушди Grok AI машғул мебошад. Ба андешаи ӯ, ин лоиҳа нисбат ба «Википедия» хеле беҳтар хоҳад шуд ва онро «қадами зарурӣ бо ҳадафи шинохти донишҳои инсон» номид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

Бо баҳонаи аз барномаҳои таълимӣ хориҷ кардани маводҳое, ки ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд, Вазорати маорифи Миср  як қатор дарсҳои...

Ширкатҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз қарорҳои бар асоси зеҳни сунъиро ба истифодаи саноатӣ тақрибан ду баробар бештар аз ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳои...

Ширкатҳои минтақа ба шарофати таҷрибаҳои нав ва сатҳи баланди рақамикунонӣ истифодаи зеҳни сунъиро дар тиҷорат босуръат густариш медиҳанд, аммо...

10 ҳазор ташхиси ВНМО, беш аз 4 миллион вояи ваксина ва 78 миллион доллар сармоягузорӣ: мероси 35-солаи ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ

Дар 35 соли муносибатҳои дипломатӣ Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногун густариш додаанд. Яке аз...

Шавҳарашро аз муҳоҷират баргардонд. Қиссаи бонуи занбӯриасалпарвар

Зулфиза Қобилова дар гармии тоқатфарсои Айвоҷ бо меҳнату сабурӣ аз ду қуттии хурди занбӯр як кори хонаводагии даромаднок сохт. Замоне...
spot_imgspot_img

Тадқиқоти нав: Meta ба ҳисоби миёна 25 аз 35 навъи эҳтимолии маълумотро ҷамъоварӣ мекунанд

Тадқиқоти нави Surfshark нишон медиҳад, ки барномаҳои ширкати Meta метавонанд нисбат ба дигар бузургҷуссаҳои соҳаи технология маълумоти бештари корбаронро...

Пиразан сармояи ночизи худро барои роҳсозӣ харҷ кардан хост

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ аз як ҳодисаи таъсирбахш ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ, нишондиҳандаи...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад