ОЛАМИ МАҶОЗӢТехас OpenAI-ро барои ҳифзи нокифояи корбарон аз хатарҳои зеҳни...

Техас OpenAI-ро барои ҳифзи нокифояи корбарон аз хатарҳои зеҳни сунъӣ ба додгоҳ кашид

-

Додситони кулли иёлати Техас Кен Пакстон алайҳи ширкати OpenAI ва роҳбари он Сэм Алтман ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ӯ онҳоро ба гумроҳ кардани корбарон дар масъалаи бехатарии зеҳни сунъии таҳиякардаи ширкат ва андешидани чораҳои нокифоя барои ҳифзи одамон аз зарари эҳтимолии истифодаи чунин технологияҳо айбдор мекунад.

Ба назари мақомоти Техас, OpenAI, аз ҷумла, корбаронро ба қадри кофӣ огоҳ накардааст, ки моделҳои зеҳни сунъии ширкат метавонанд одамонро ба расонидани зарар ба худ ташвиқ кунанд ё бо корбарон, аз ҷумла кӯдакон, муносибатҳои носолим ба вуҷуд оранд.

«Ман барои ҳифзи сокинони Техас аз зарари зеҳни сунъӣ мубориза мебарам ва намегузорам, ки ширкатҳои пуриқтидори технологӣ худро болотар аз қонун ҳисоб кунанд», — гуфтааст Пакстон.

Мақомоти Техас талаб доранд, ки дастрасии ноболиғон ба системаҳои зеҳни сунъии OpenAI манъ карда шавад. Ҳамчунин, ширкат набояд моделҳои нави худро дар Техас то замоне ба кор дарорад, ки комиссияи мустақили коршиносон онҳоро санҷида, арзёбӣ накунад.

Илова бар ин, мақомот талаб доранд, ки барои ҳар як қонуншиканӣ 10 ҳазор доллар ҷарима ситонида шавад.

Дар OpenAI аллакай изҳор доштаанд, ки барои коҳиш додани хатарҳои зеҳни сунъӣ ва таҳияи механизмҳои иловагии муҳофизат пайваста бо коршиносон ҳамкорӣ мекунанд. Ширкат ҳамчунин омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти Техас ҷиҳати таҳияи сиёсати мувофиқ дар ин соҳа баён кардааст.

Қаблан низ баъзе иёлатҳои ИМА алайҳи OpenAI ба додгоҳ муроҷиат карда, тафтишот оғоз намуда буданд. Аз ҷумла, моҳи август додситони кулли иёлати Алабама бо сабаби ҳамлаҳои ҳакерӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ алайҳи ширкат тафтишот оғоз кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Натиҷаи арзёбии дониши хонандагон: коҳиши сатҳи дониши хонандагон нигаронкунанда аст!

Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA)-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ҳар се сол малакаҳои хонандагони 15-соларо дар самтҳои хониш,...

Пентагон мехоҳад пойгоҳҳои низомии ИМА то 90 рӯз мустақилона фаъолият кунанд

Пентагон омодагӣ мебинад, ки пойгоҳҳои низомии ИМА дар сурати сар задани ҷанги густурда, ки метавонад шабакаҳои барқро аз кор...

Дар Русия пойгоҳи ягонаи IMEI таъсис меёбад

Аз 1 марти соли 2027 дар Русия пойгоҳи ягонаи IMEI таъсис меёбад. Тобистони соли 2026 дар Русия қонун дар...

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...
spot_imgspot_img

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад