Пентагон омодагӣ мебинад, ки пойгоҳҳои низомии ИМА дар сурати сар задани ҷанги густурда, ки метавонад шабакаҳои барқро аз кор барорад ва занҷираҳои таъминотро халалдор созад, ҳадди ақал 90 рӯз мустақилона фаъолият кунанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Fox News бо истинод ба санадҳо хабар медиҳад.
Талаби нав бахше аз барномаи Пентагон бо номи FORTRESS мебошад. Ҳадафи он таъмини имкони идомаи амалиёти ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ҳатто дар сурати аз кор мондани инфрасохтори ғайринизомиест, ки онҳо ба он вобастаанд.
Тибқи ин ташаббус, ҳар як пойгоҳи бузурги низомӣ дар қисми континенталии ИМА бояд тавонад ҳадди ақал 90 рӯз худро бо нерӯи барқ, об, сӯзишворӣ ва алоқа таъмин кунад.
Барои ин истифодаи реакторҳои ҳастаии сайёр, системаҳои бузурги захираи нерӯи барқ ва шабакаҳои хурди мустақили энергетикӣ дар назар аст. Ин технологияҳо бояд пойгоҳҳои низомиро аз вобастагӣ ба шабакаҳои барқи ғайринизомӣ раҳо кунанд.
Илова бар ин, Вазорати мудофиаи ИМА барои фароҳам овардани шароит омодагӣ мебинад, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ корхонаҳои ғайринизомӣ тавонанд ба истеҳсоли маҳсулоти ҳарбӣ гузаранд.
Барномаи FORTRESS ҳамчунин омодасозии пойгоҳҳои низомиро барои фаъолият дар шароите пешбинӣ мекунад, ки сигнали GPS халалдор ё пахш шуда, алоқаи моҳворавӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мегардад.



