МУВАФФАҚИЯТБарномаи нав: фарогири минтақаҳои кӯҳистон ва наздисарҳадӣ бо пахши...

Барномаи нав: фарогири минтақаҳои кӯҳистон ва наздисарҳадӣ бо пахши телевизиони рақамӣ

-

Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 қабул шуд. Ҳукумати Тоҷикистон барномаро 29 августи соли 2025 қабул намудааст.

Барномаи нав  бо мақсади фарогирии тамоми аҳолии кишвар, бахусус минтақаҳои кӯҳистон ва наздисарҳадӣ бо пахши телевизиони рақамӣ таҳия шудааст.

Аз соли 2010 то  2025 сатҳи фарогирии аҳолӣ бо пахши телевизиони рақамӣ ба 86 дарсад расонида шудааст. «Барои таъмин намудани боқимонда сокинони минтақаҳои кӯҳистони мамлакат бо пахши рақамӣ, ки 14 дарсадро ташкил медиҳанд, насби 416 фиристандаи рақамии гуногуниқтидор ва маҷмуи таҷҳизоти пахши телевизиони рақамӣ зарур мебошад.»,-гуфта мешавад дар барнома.

Барномаи нав сохторҳои масъулро муваззаф менамояд, ки сатҳи фарогириро то соли 2030 ба 95 фоиз расонанд.

Тибқи ин барнома ба оилаҳои камбизоат таҷҳизоти рамзкушо ва дастгоҳҳои қабул ройгон тақдим мегарданд.

Барои татбиқи барнома 74,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси Кумитаи телевизион ва радио ҷудо мегардад.

Акс аз Шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад