ҲАЁТИ СОЛИМРоҳбари Комиссияи Аврупо: ҳамаи пардохтҳо бо Исроил қатъ шаванд

Роҳбари Комиссияи Аврупо: ҳамаи пардохтҳо бо Исроил қатъ шаванд

-

Дар як суханронии ғайриоддӣ ва шадид Урсула фон дер Ляйен «гурусна сохтани башар» дар Ғазза ва «кушиши ошкоро»-и Исроил барои «зери хатар гузоштани роҳи ҳал бо ду давлат»-ро маҳкум кард. Euronews менависад, ки Роҳбари Комиссияи Аврупо ҳамчунин нотавонии Аврупоро барои дарёфти посух ба амалҳои Исроил «дардовар» номидааст.

Барои хотима бахшидан ба фалаҷ шудани мавқеи Аврупо дар масъалаи Ғазза, Урсула фон дер Ляйен пешниҳод намудааст, ки «ҳамаи пардохтҳо» ба Исроил қатъ шаванд, ба истиснои лоиҳаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Вай ҳамчунин хостори қатъи қисман амалисозии Созишномаи ассотсиатсия дар бахши тиҷорат шудааст.

Фон дер Ляйен ба вакилон гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо пардохтҳо ба Исроилро бозмедорад. «Он чӣ дар Ғазза рӯй медиҳад, қобили қабул нест.»,-нигаронӣ кардааст ӯ.

Роҳбари Комиссияи Аврупо ваъда додааст, ки таҳримҳо алайҳи «вазирони ифротгаро» ва «мустамликадорони ҳамлагар»-и Исроил ҷорӣ карда мешаванд.

Чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Шветсия ва Нидерланд, зидди Итамар Бен-Гвир ва Бесалел Смотрич, ду вазири исроилӣ, ки борҳо ба хушунат алайҳи фаластиниҳо даъват кардаанд, таҳримҳо ҷорӣ намудаанд.

Акс аз Euronews

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад