ҲАЁТИ СОЛИМ"Меҳрубонтарин довар" дунёро тарк кард

«Меҳрубонтарин довар» дунёро тарк кард

-

Фрэнк Каприо, довари машҳури иёлати Род-Айленд, ки бо меҳрубонӣ ва инсондӯстии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф гашта буд, дар  88-солагӣ даргузашт.

Фарзандонаш рӯзи чоршанбе хабар доданд, ки пас аз «муборизаи тӯлонӣ ва ҷасурона бо саратони гадуди зери меъда» ӯ бо оромӣ даргузашт.

Каприо, ки барномаи «Caught in Providence»-ро пеш мебурд, додгоҳашро ҷое мешуморид, ки «мардум бо меҳрубонӣ ва раҳм рӯ ба рӯ мешаванд». Ӯ на танҳо ҷаримаҳоро мебахшид, балки ҳангоми татбиқи адолат низ лутфу ҳамдардӣ нишон медод.

Видеоҳое, ки аз мурофиаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешуданд, зиёда аз 1 миллиард тамошобин доштанд.

Каприо дар суханрониҳояш таъкид мекард, ки адолат бояд барои ҳама дастрас бошад. Ӯ гуфта буд:

Ифодаи “Бо озодӣ ва адолат барои ҳама” маънои онро дорад, ки адолат бояд барои ҳама дастрас бошад. Аммо, мутаассифона, чунин нест».

Ӯ соли 2023, пас аз қариб чил сол дар курсии додгоҳӣ нафақа рафт.

Оилаи ӯ дар паёми ахири худ чунин навиштаанд:

«Ӯ барои меҳрубонӣ, хоксорӣ дӯстдоштанӣ буд. ҳазл ва меҳрубонии ӯ ба дилҳои миллионҳо нафар таъсир гузошт».

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад