МУВАФФАҚИЯТБрейк-дансерони наврас ба Asia's got talent роҳхат гирифтанд

Брейк-дансерони наврас ба Asia’s got talent роҳхат гирифтанд

-

Хуршед бо 6 брейк-дансери дигар ахиран дар озмуни “Asia’s got talent” иштирок ва ба даври баъдӣ роҳхат гирифт. Ин гурӯҳ барои иштирок дар даври ниҳоии озмун, ки ҳамин моҳ дар Қазоқистон доир мегардад, сафар хоҳанд кард.

Брейк-данс солҳои 60-уми асри ХХ дар Амрико пайдо гардида, ҷавонони тоҷик баъди солҳои 2000-ум тамрини худро дар ин риштаи варзиш оғоз кардаанд.

Хуршеди Сайфиддин яке аз аввалин ҷавонони тоҷик буд, ки ҳанӯз солҳои 2005 ба варзиши брейк-данс дилбастагӣ пайдо кард.

— Ҳар гуна ҳаракатҳои аҷибро аз телевизион дида, онро такрор мекардем. Бо иҷрои ҳаракатҳои оддитарин хушҳол мегаштем ва дилбастагиамон ба ин намуди варзиш дучанд мегашт.”,- ба хотир меорад Хуршеди Сайфиддин.

Давоми 7 сол мешавад, ки ба наврасону ҷавонон брейк-дансро меомӯзонад.

Назар Абдуллаеви 8-сола яке аз шогирдони бомаҳорати Хуршеди Сайфиддин мебошад. Вай буда, аз 4-солагиаш варзиши брейк-данс машқ мекунад. Ҳамроҳи ӯ 40 нафар наврасону ҷавонони аз 5 то 22-сола ҳастанд, ки аз Хуршеди Сайфиддин варзиши брейк-данс меомӯзанд.

Хуршед бештар дар иҷрои усулҳои Power move (ҳаракатҳои қувватии давргард), Footwork (ҳаракати пой), Toprock (брейкинги болоӣ) маҳорати баланд дорад. Агарчи Назар борҳо осеб дидааст, вале қалбаш аз брейк-данс сард нагарида, тамринро идома додааст.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ соли 2020 пешниҳодро дар бораи ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 ворид кардани брейк-данс пазируфт.

Назар Абдуллаев мехоҳад Тоҷикистонро аз рӯйи ин риштаи варзиш дар бозиҳои олимпии 2024-и Фаронса намояндагӣ кунад.

Маҳкам Маҳкамзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад