БИЗНЕС-КЛУБ6 корхонаи коркарди хушкмева дар Намоишгоҳи SIAL

6 корхонаи коркарди хушкмева дар Намоишгоҳи SIAL

-

Шаш корхонаи коркарди хушкмева аз Исфара, бозигарони калидии бозори хушкмеваҳо дар Осиёи Марказӣ, дар намоишгоҳи мӯътабари байналмилалии SIAL, ки рӯзҳои 19-23-юми октябри соли 2024 дар Порис баргузор мегардад, иштирок мекунанд. “Баракат Исфара”, “Оро Исфара”, “Исфара Фуд”, “Водии меваҳо”, “Висол”, ҳамчунин, “Меваи заррин” барои иштирок дар ин намоишгоҳи бузурги ғизо ва нӯшокӣ ба 7500 иштироккунандаи дигар пайваста, маҳсулоти тозатарини худро ба ҳазорон бинанда аз саросари дунё намоиш медиҳанд. Ба ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, намояндагони боз ҳафт корхонаи дигар, Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон (МАПЭСТ) ва Ассосиатсияи соҳибкорони Хатлон ба ҳайси боздидкунанда шомиланд.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) – “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE), ки маблағгузораш Ҳукумати Швейтсария мебошад, дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имкониятҳои  худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкориҳои эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар сатҳи ҷаҳонӣ шинос шаванд.

Саидмӯъмин Камолов, роҳбари миллии лоиҳаи TPE дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Иштирок дар ин намоишгоҳ намунаи талошҳои МТБ ҷиҳати тавсеаи бозорҳои нави фаромарзӣ барои хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Бо намоиши маҳсулоти волосифати гуногун дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ, ширкатҳои мо азм доранд, то шарикони эҳтимолии хориҷиро аз миёни дистрибюторҳо ва харидорон ҷалб карда, ҳамкориҳои тиҷоратиро ба нафъи кишвар рушд диҳанд.”

SIAL Порис як бор дар ду сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳ барои 60-умин бор ширкаткунандагон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкориҳои стратегӣ гирди ҳам меорад.

Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон, девораи кишвар мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо ташриф меоранд.

Лутфулло Ортиқов, мудири тиҷоратии ширкати “Водии меваҳо”: “Иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намуда, ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем, бренди ширкатҳои худро ба бозорҳои беруна муаррифӣ намоем, бо тамоюлҳои нав дар бозор, талабот ва интизориҳои бозор шинос шавем ва аз навгониҳо низ огоҳ гардем”.

Бо иштирок дар ин намоишгоҳ, ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имкониятҳои нави содироти маҳсулот пайдо мекунанд, балки боз меҳмононро ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва маҳсулоти гуногуни меваҷотии кишвар даъват мекунанд. Ин чорабинӣ барои соҳибкорони тоҷик ба ҳайси пуле мебошад, ки роҳи онҳоро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар гардонида, худи онҳоро ба ҳайси бозигарони муҳимми бозори байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад. Ин гуна сафарҳои корӣ барои гуногунсозии бозори содирот низ муҳимманд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад