ҲАЁТИ СОЛИМПулиси Русия маълумоти фарзандони муҳоҷирро аз муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварӣ...

Пулиси Русия маълумоти фарзандони муҳоҷирро аз муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварӣ мекунад

-

Ҳукумати Русия мехоҳад муассисаҳои таълимӣ маълумотро дар бораи фарзандони муҳоҷир ба Вазорати корҳои дохилӣ супоранд.

Ҳукумати ин кишвар ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунро пешниҳод кард, ки мувофиқи он Вазорати корҳои дохилӣ ва муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар бораи фарзандони муҳоҷирон маълумот мубодила кунанд. Мувофиқи ҳуҷҷат, вазорат ба мактабҳо ва коллеҷҳо рӯйхати кӯдакони хориҷиро месупорад ва онҳо ба Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи қабул ё хориҷ шудани онҳо хабар медиҳанд.

Ба моддаи 30-и қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия», моддаи 12-и қонуни «Дар бораи ба қайди муҳоҷират гузоштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрванд дар Федератсияи Русия» ва моддаи 98-и қонун «Дар бораи маориф» тағйирот ворид мегардад. Интиқоли маълумот тавассути низоми ягонаи иттилоотии байниидоравӣ анҷом дода мешавад.
Дар тавзеҳи ин тағйирот гуфта мешавад, ки лоиҳаи қонун тибқи супоришҳои президенти Русия Владимир Путин оид ба масъалаҳои такмили сиёсати муҳоҷират таҳия шудааст. Ҳадафи ташаббус «ошкор намудани ин категорияи кӯдакони муҳоҷирон барои мутобиқшавӣ ва ҳамгироии минбаъдаи онҳо ба ҷомеаи Русия мебошад.»,- омадааст дар тавзеҳи тағйирот.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад