МУВАФФАҚИЯТФилми тасвирии беовози “Ҳувайдо” қалбҳоро ба фиғон овард

Филми тасвирии беовози “Ҳувайдо” қалбҳоро ба фиғон овард

-

Дар қатори намоиши 10 филми бесадо дар Душанбе, филми тасвирии “Ҳувайдо” низ пешниҳоди бинанда гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар бораи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки соли 2018 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав таҷовуз ва ба қатл расонида шуд, чанде қабл филми тасвирии беовоз таҳия шуд.

Агарчи дар ин филм овоз нест, вале бо тамошои он ҳама он рӯзи шумро дар пусту устухони хеш эҳсос карда, қалб ба фиғон меояд.

Лолисанам Улугова муаллиф ва коргардон ин филм аст, ки мегӯяд, пас аз як соли фоҷиа дар ин бора иттилоъ пайдо кард:

Лолисанам Улугова. Акс аз шабакаи интернет

“Матлаберо дар бораи тафсилоти куштори ин духтарак хондам, тамоми дарди падару модарашро ҳис кардам. Мегӯянд, ки эҷодкорон эҳсосотӣ ҳастанд ва ҳамачиро зуд ба худ қабул мекунанд, воқеан, ин ҳодиса маро такон дод. Дар аввал мехостам, ки сенария нависам ва як саҳнаи хурде омода кунам. Аммо хар боре, матлабро дар бораи Ҳувайдо мехондам буғз гулугирам мекарду ашк аз чашмонам ҷорӣ мешуд. Ман тасмим гирифтам ин филмро омода ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мушкилот ҷалб намоям.”

Филми “Ҳувайдо” ахиран дар “Фестивали филмҳои беовоз”, ки рӯзҳои  24-26 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намоиш дода шуд.

Дар он 10 филм аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Олмон пешниҳоди бинанда гардид.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ба таҳияи филмҳои беовоз тавваҷҷӯҳ кам аст.

Дар замони истиқлол Соҳибёри Толиб ягона коргардонест, ки филми кӯтоҳи ҳунариро бо номи “Талош” таҳия кардааст.

О. Маҳмад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад