МУВАФФАҚИЯТНигаронии Ватикан аз паёмадҳои зеҳни сунъӣ

Нигаронии Ватикан аз паёмадҳои зеҳни сунъӣ

-

Ватикан аз худосозии зеҳни сунъӣ метарсад. Бинобар ин таъкид мекунад, ки маҳсули сохтаи инсон бояд танҳо ба инсон хидмат кунад, на онро иваз кунад. Ватикан бо нашри ҳуҷҷате нигарониҳояшро иброз намудааст.

Ҳуҷҷати нави Ватикан имконот ва хатарҳои зеҳни сунъиро зикр мекунад.
Ёддошт имконоту мушкилоти зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои маориф, иқтисодиёт, меҳнат, тандурустӣ, муносибатҳои байналмилалию инсонӣ ва ҷангро ишора менамояд. Аз ҷумла, ҳуҷҷат қобилияти зеҳни сунъӣ барои зиёд кардани «таҷҳизоти ҷангӣ берун аз доираи назорати инсонӣ ва ба вуҷуд овардани мусобиқаи бесуботкунандаи мусаллаҳшавӣ, бо оқибатҳои фалокатбор барои ҳуқуқҳои инсон»-ро ишора менамояд.

Дар ҳуҷҷат бобати муносибатҳои инсонӣ зикр мешавад, ки зеҳни сунъӣ барои рушди кӯдакон мушкилот эҷод мекунад, боиси «вайронкунии ҷиддии ахлоқӣ» мегардад.

Иқтисод ва меҳнат

Дар соҳаи иқтисодию молиявӣ низ ҳуҷҷат ба зиракӣ даъват мекунад. «Дар ҳоле ки зеҳни сунъӣ афзоиши ҳосилнокиро ваъда медиҳад… равишҳои ҳозираи истифодаи технология метавонанд ба таври парадоксӣ кормандонро аз малака маҳрум созанд…»

Тандурустӣ

Дар Ёддошт инчунин ба масъалаи тандурустӣ бахше ихтисос дода шудааст. Бо ёдоварӣ аз «имкониятҳои беандоза» дар барномаҳои гуногуни соҳаи тиб, ҳушдор дода мешавад, ки агар зеҳни сунъӣ муносибати байни духтур ва беморро иваз кунад, он метавонад «танҳоиро, ки аксар вақт бемор эҳсос мекунад, бадтар намояд. Ҳамчунин ҳушдор дода мешавад, ки «ворид кардани зеҳни сунъӣ ба соҳаи тандурустӣ инчунин хатари афзоиш додани тафовутҳои мавҷударо дар дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ба вуҷуд меорад», бо хатари «тақвият бахшидани модели тиб барои сарватмандон, ки дар он онҳое, ки имкониятҳои молиявӣ доранд, аз абзорҳои пешрафта ва маълумоти фардӣ баҳра мебаранд, дар ҳоле ки дигарон барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои ҳатто асосӣ талош менамояд.»

Маориф

Дар соҳаи маориф, «Antiqua et Nova» қайд мекунад, ки «зеҳни сунъӣ ҳам имкониятҳо ва ҳам мушкилотро пешниҳод мекунад». Агар бо эҳтиёткорӣ истифода шавад, зеҳни сунъӣ метавонад дастрасӣ ба маълумотро беҳтар намояд ва ба донишҷӯён «фикру мулоҳизаҳои фаврӣ» пешниҳод кунад. Як мушкилӣ дар он аст, ки бисёр барномаҳо «танҳо ҷавобҳо медиҳанд, ба ҷои он ки донишҷӯёнро ба он ташвиқ кунанд, ки худашон ба ҷавобҳо бирасанд ё матнро барои худ нависанд», ки ин метавонад ба нотавонии рушди малакаҳои тафаккури интиқодӣ оварда расонад. Дар ёддошт инчунин аз «маълумоти ғаразнок ё сохташуда» ва «хабарҳои қалбакӣ», ки баъзе барномаҳо метавонанд тавлид кунанд, ҳушдор дода мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад