ОЛАМИ МАҶОЗӢМаск дар додгоҳи Порис ҳозир нашуд

Маск дар додгоҳи Порис ҳозир нашуд

-

Рӯзи 20 апрел Иллон Маск дар доираи тафтишот нисбат ба шабакаи иҷтимоии X (Twitter) ва абзори зеҳни сунъии он Grok ба прокуратураи Порис даъват шуда буд, вале ба додгоҳ ҳозир нашуд. Ширкати ӯро ба дасткории алгоритмӣ бо ҳадафи дахолат ба баҳсҳои сиёсӣ дар Фаронса гумонбар медонанд.

Прокуратураи Порис “ҳозир нашудани шахсони Маск”-ро қайд кард, вале таъкид намуд, ки “ҳузур доштан ё надоштани онҳо барои идомаи тафтишот монеа нест”.

Линда Яккарино, директори генералии собиқи X низ дар доираи ин парванда даъват шудааст.

Прокуратура гуфтааст, “мақсади чунин шунидани ихтиёрӣ бо иштироки роҳбарони сатҳи баланд — фароҳам овардани имконият барои баён кардани мавқеи онҳо оид ба далелҳо ва, дар ҳолати зарурӣ, тадбирҳое мебошад, ки барои риояи қонунгузорӣ пешбинӣ мекунанд”. Дар ин марҳила тафтишот ҳамчун як равиши созанда арзёбӣ мешавад, ки ҳадафи ниҳоии он таъмини риояи қонунгузории Фаронса аз ҷониби платформаи X мебошад.

Дар аввали моҳи феврал дар идораҳои X дар Порис кофтуков гузаронида шуда буд. Ширкат, ки ҳама гуна қонуншиканиро рад мекунад, ин амалиётро “сиёсишуда” ва “ғайриқонунии судӣ” номид.

Прокурори Париж Лора Бекко инчунин хабар дод, ки кормандони X аз 20 то 24 апрел ҳамчун шоҳид даъват шудаанд.

Тафттишот пас аз муроҷиати як узви парламент ва роҳбари як ниҳоди давлатии амнияти киберӣ оғоз шудааст. Он ба эҳтимоли дасткорӣ кардани алгоритми X барои таъсиррасонӣ ба баҳсҳои ҷамъиятӣ дар Фаронса ва истифодаи ғайриқонунии маълумоти шахсӣ барои рекламаи ҳадафнок марбут аст.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад