МУВАФФАҚИЯТНархи iPhone дар Чин поин рафт

Нархи iPhone дар Чин поин рафт

-

Дар Чин нархи iPhone дар пасманзари ҷорӣ шудани субсидияҳо барои хариди электроника поин рафт.

Барномаи давлатии субсидияи электроника, ки 20 январи соли 2025 дар Чин эътибор пайдо кард, аллакай боиси паст шудани нархи смартфонҳо, аз ҷумла моделҳои iPhone шуд. Дар ин бора нашрияи GizmoChina хабар медиҳад.

Ҳукумати Чин ба маҳсулоти арзишашон то 6000 юан (тақрибан 820 доллар) ба андозаи 15% нархи мол тахфиф пешниҳод мекунад. Маблағи ҳадди аксари субсидия 500 юан (тақрибан 68 доллар) барои як молро ташкил медиҳад. Субсидия якдафъаина аст.

Дар интизории оғози барнома, фурӯшандагони смартфонҳо нархҳоро дар Чин ислоҳ карданд. Ҳамин тавр, нархи iPhone 16 Plus аз 6999 юан (956 доллар) то 5999 юан (820 доллар) коҳиш ёф. iPhone 16 дар платформаҳо ба мисли JD.com тақрибан 4999 юан (683 доллар) фурӯхта мешавад ва пас аз субсидия нархи он тақрибан 4499 юан (615 доллар)-ро ташкил хоҳад дод.

Ширкати Xiaomi низ фаъолона аз имкониятҳои барномаи нав истифода мебарад. Пас аз субсидия, моделҳои флагмани Redmi Turbo 4 ва K80 ҳоло аз 1699 юан (232 доллар) дастрасанд.

Интизор меравад, ки барномаи субсидия дар Чин истеъмолкунандагонро ҳавасманд созад, фурӯши электроникаи рақамиро афзоиш диҳад ва имкониятҳои навро барои рушди тамоми соҳа, аз ҷумла таъминкунандагони қисмҳои эҳтиётӣ фароҳам оварад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад