МУВАФФАҚИЯТЗамимаи мобилии "Маърифати ҳуқуқӣ" барои ҳама

Замимаи мобилии «Маърифати ҳуқуқӣ» барои ҳама

-

 

Замимаро тариқи ин QR-рамзҳо боргирӣ намоед

Маърифати ҳуқуқӣ бидуни мутолиа ба даст намеояд. Фароҳам овардани шароит барои мутолиа ва истифодаи техналогияи муосир фикр мекунем мухотабони бештарро фаро мегирад.

Бахшҳои замимаи мобилии "Маърифати ҳуқуқӣ"
Бахшҳои замимаи мобилӣ

Ба ин хотир, ТҶ «Хома» замимаи мобилиеро бо номи «Маърифати ҳуқуқӣ» таҳия кард, ки аз чаҳор бахш- «Ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», «Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», Ҳуқуқи кӯдак» ва «Қонунгузори ВАО» иборат аст. Ҳамчунин ҳар бахш дорои саволнома (тест) ҳаст, ки метавонед, худро имтиҳон кунед.

Дар ҳама пойгоҳҳо барои фарогирии бештар

Замима барои ҳама дастрас аст. Истифодабаранда метавонад дар ҳама гуна телефони ҳушманд-Android, iOS онро боргирӣ намояд. Сомонаи ин замимаро низ сохтем, ки бо нишонии https://marifatihuquqi.tj дастрас аст.
Матлаби замима бо истифода аз конститутсия, қонунгузории ҶТ, ва санадҳои байналмилалӣ таҳия шудааст, ки Тоҷикистонро оҳоро тасвиб намудаву барои иҷрои он уҳдадорӣ гирифтааст.

Бартарияти замима дар он аст, ки бо осонӣ метавонед онро боргирӣ намоед ва қонунҳоро дар шакли pdf ба дигарон фиристед ё дар телефони худ захира намоед.

Қисмати кардани файлҳо осон аст

Умед дорем, ки бо таҳияи замимаи мазкур дар самти огоҳии мардум ва шакл гирифтани маърифати ҳуқуқӣ саҳм хоҳем гузошт, вале чун кори нахустин аст, эҳтимоли ҷо доштани камбуду нуқсонҳо вуҷуд дорад. Агар дар кори мо нуқсоне дидед, бароямон тариқи https://marifatihuquqi.tj нависед, то дар тасмимҳои минбаъда ислоҳ намоем.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад