МУВАФФАҚИЯТЭълони пардохти кумакпулӣ дурӯғ аст!

Эълони пардохти кумакпулӣ дурӯғ аст!

-

Ҳушдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират дар саҳифаи фейсбукӣ (https://www.facebook.com/mlmert/)

Эълон оид ба пардохти маблағ барои нафарони солҳои 1990-2024 фаъолияткарда асосӣ воқеӣ надорад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо як муроҷиат аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба ин эълон бовар накунанд.

Эълони дурӯғини нашршуда, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид

Чӣ гуна санҷид, ки эълон дурӯғ аст?

1 Номи сомона шубҳаовар аст;
2 Номи вазорат нодуруст зикр шудааст.
Дар асл, номи ниҳоди расмии мо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аст.

Бояд гуфт, тибқи талаботи қонунгузорӣ, оилаҳои камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
-шахсони зерин аз ҳайати оила ба назар гирифта намешаванд:
шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;
— шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд;
— шахсоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо менамоянд.

Барои муайян намудани ҳуқуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, маълумоти зерин оид ба индикаторҳои некўаҳволии оилаи камбизоат ба инобат гирифта мешавад:

а) Барои оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар деҳот истиқомат мекунанд:

— ҳайати оила: шумораи умумии аъзои оила, шумораи маъюбони гурўҳи I, кўдакони маъюб, кўдакони то синни 15-сола. 

Барои дарёфти кумаки унвонии иҷтимоӣ ин ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда мешаванд:
— ариза;
— шиносномаи аризадиҳанда
— маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва ҷойи истиқомат;
— маълумот дар бораи даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оила.

Намунаи ариза

 

Намунаи маълумотнома дар бораи ҳайати оила

 

Намунаи ҳуҷҷат дар бораи даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оила

Ариза, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раис ё котиби ҷамоат, ва ё сардори идораи манзилию коммуналӣ тасдиқ бояд карда шавад.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ ва кумитаҳои маҳаллӣ аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳояш қабул намуда, ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд.

Мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некӯаҳволии оила онро ба махзани ягонаи маълумот бояд ворид намояд.

Баъд аз коркарди маълумот дар сервери марказии низоми иттилоотии барномаи компютерӣ тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат маълум мегардад, ки ба шахс кумаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда мешавад ё не.

Намунаи Огоҳинома оид таъини КУИ

 

Намунаи Огоҳинома оид ба рад кардани КУИ

Қарор дар бораи таъин ё рад намудан кумаки унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи қабул гардида, ба аризадиҳанда хабарномаи хаттӣ ва ё электронӣ ирсол мешавад.

Нақши роҳбарони идораи манзилию коммуналӣ, раисони ҷамоат, кӯмитаҳои маҳал дар раванди иттилоотонии аҳолӣ хеле муҳим аст.

Инчунин масъулин ҳангоми қабули ариза бояд таваҷҷуҳ намоянд, ки ариза дуруст пур карда шавад ва дар ҳолати зарурӣ ба саволҳои аризадиҳандагон бояд ҷавоби дуруст пешниҳод намоянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад