БИЗНЕС-КЛУБКоргоҳи духтари афғонистонӣ дар Ваҳдат

Коргоҳи духтари афғонистонӣ дар Ваҳдат

-

Коргоҳи Содот

Коргоҳи дӯзандагии «Содот» дар шаҳри Ваҳдат воқеъ буда, роҳбари ин коргоҳ Сафуро Назрии 21-сола аст. Ӯ се сол қабл ҳамроҳи хонаводааш ба Тоҷикистон омад. Сафуро хост ҳунаре барои худ касб кунад ва ба омӯзиши хайётӣ пардохт…

Дар коргоҳи дӯзандагии «Содот»  се устод ба 8 шогирд омӯзиш медиҳанд, ки 6 шогирд аз оилаи муҳоҷирини Афғонистон ҳастанд.

Шогирдон аз Тоҷикистону Афғонистон дар коргоҳи дӯзандагии «Содот»

Ин коргоҳ дар нозироти андоз ба қайд гирифта шудааст ва андоз мепардозад.

Арзиши дӯхти либос дар ин коргоҳ вобаста ба матоъ ва дизайни он аст. Фармоишҳо аз 50 то 300 сомонӣ нарх дорад.

Сафуро Назрӣ мегӯяд, ба Тоҷикистон омада, зуд ба омӯзиши хайётӣ пардохт. Бо сайъу талош дӯзандагиро ёд гирифт.

“Баъди он ки дӯзандагиро ёд гирифтам, оҳиста-оҳиста ба кор оғоз кардам. Дар аввал мо васоили хеле содаву одӣ доштем. Дар доираи лоиҳаи USAID дарс гузаштем. Баъди иштирок дар омӯзиш тарҳи тиҷоратии худро пешниҳод кардем. Лоиҳае, ки доштем, бо устод тарҳрезӣ кардем ва нақшаи худро пешниҳод кардем. Баъд аз он ба мо васоил доданд ва мо тавонистем ин ҷоро боз кунему шогирд гирем.”,-нақл кард Сафуро.

Дар акси асосӣ Сафуро Назрӣ

Фаъолияти ин муҳоҷирони афғонистонӣ як навъ соҳибкории иҷтимоӣ мебошад. Қарор аст дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” қабул гардад.

Лоиҳаи қонун муҳоҷирон ва паноҳандагонро ба қишри осебпазири ҷомеа шомил мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад