МУВАФФАҚИЯТНамоиши роботу дастовардҳои илмиву инноватсионии ҷавонони тоҷик

Намоиши роботу дастовардҳои илмиву инноватсионии ҷавонони тоҷик

-

Дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионӣ ва техникиву технологии муассисаҳои инноватсиониву технологӣ, илмиву таълимӣ ва ширкатҳои бахши ІТ баргузор шуд. Ин чорабинӣ дар Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе зери унвони “Душанбе шаҳри ҳушманд» баргузор мегардад.
Дар намоишгоҳ 48 идораву ташкилот зиёда аз 200 номгӯйи лоиҳаву маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Ҳафтаи илм, техноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе то 24 май идома дошта, дар доираи он озмуну чорабиниҳои гуногун оид ба инноватсия ва ихтироъкорӣ дар байни хонандагону омӯзгорони муассисахои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт гузаронда мешавад.
Маросимро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳафта бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад