МУВАФФАҚИЯТПарвариши киви. Таҷрибаи нав дар Хатлон

Парвариши киви. Таҷрибаи нав дар Хатлон

-

Сулаймон дар назди ниҳолҳои киви

Сулаймон Шафоев, деҳқони таҷрибадоре аз ноҳияи Кӯшониён аст, ки дар баробари кишту парвариши якчанд навъи маҳсулоти кишоварзӣ, имсол парвариши дарахти кивиро ба роҳ монд.

Ин ниҳолчаҳо аз Эрон ба Тоҷикистон ворид шудаанд ва Сулаймон онҳоро аз шаҳри Ҳисор дастрас ва дар замини наздиҳавлигии хеш шинонидааст.

Ин деҳқон нақл кард, ки киви монанди токи ангур шинонида мешавад ва танҳо лозим аст, ки решааш доим намнок нигоҳ дошта шавад.

Майдони кивизори Сулаймон

Сулаймон барои нигоҳубину парвариши дарахтони шинонидааш аз усули замонавии обёрии қатрагӣ истифода кардааст. Зеро, киви дарахти обдӯст мебошад.

Ба андешаи Сулаймон Шафоев, дарахти киви то 30 дараҷа сардӣ тобовар аст. Аз ин рӯ, кивиро шарт нест, ки дар гармхона парвариш намоӣ.

«Моҳи апрел барои шинонидани дарахти киви хеле қулай аст. Чунки то фаро расидани моҳҳои нисбатан гарм решаи он аллакай мустаҳкам мегардад… Ниҳол бояд ҳатман пайвандӣ бошад. Зеро, ниҳоли пайвандӣ ба ҳар гуна касалиҳо тобовар аст.»,-мегӯяд Сулаймон.

Сулаймон дарахтони кивиро дар масофаи 4 метр дур аз ҳамдигар ва чуқурии 60 – 70 сантиметр шинонида, қабл аз шинонидан каме биогумус ҳамроҳ карда, то ҷойи  пайвандӣ онҳоро зери хок кардааст.

Яке аз ниҳоҳои парваришкардаи Сулаймон

Ӯ мегӯяд, дар вақти обдиҳӣ истифодаи нуриҳои минарелии карбамиту нитраамофос манфиатбахш мебошад. Инчунин дар барги дарахт пошидани ватамини “Нутриван” низ муфид аст. Истифодаи витамин нашъунимоӣ дарахтро суръат бахшида, ба бе нуқсон бузург шудани он мусоидат менамояд.

Акси асосӣ аз манбаъҳои боз

Сулаймон СУЛТОНОВ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад