ОЛАМИ МАҶОЗӢTikTok-ро дар Русия чӣ интизор аст?

TikTok-ро дар Русия чӣ интизор аст?

-

TikTok аз ҷониби Думаи давлатии Русия арзёбӣ мешавад. «Пеш аз қабули қарор дар бораи бастани шабакаи иҷтимоии TikTok дар Русия, бояд фаҳмид, ки ба талаботи қонунгузории Русия мувофиқат мекунад ё не.»-дар ин бора Антон Немкин, узви Кумитаи сиёсати иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Думаи давлатӣ ба зимни як мусоҳиба бо нашрияи парлумонӣ изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати риоя накардани қонун шабакаи иҷтимоӣ амалаш маҳдуд хоҳад шуд. Вакил ёдовар шуд, ки дар соли 2022 маъмурияти ТикТок мустақилона паҳнсозии мундариҷаи нав ва имкони пахши мустақим дар Русияро ба далели пайдо шудани «фейкҳо дар бораи амалиёти махсуси низомӣ ва артиши Русия» мутаваққиф кард. Ҳамзамон, дар ин пойгоҳ мундариҷаи мамнӯъро метавон ёфт.», -гуфтааст Немкин.

«Маълум аст, ки дар як катор мавзуҳо ҳануз ҳам фаҳмиш ба даст наомадааст. Ҳамаи ин ҳолатҳо бояд аз ҷониби TikTok ба назар гирифта шаванд, агар шабакаи иҷтимоӣ тасмим гирад, ки корро дар кишвари мо дубора оғоз кунад. Аввалан, нест кардани ҳама мундариҷаи мамнӯъ, дуюм — риояи ҳама талаботи қонуни «десант». Пас метавон гуфт, ки кори ин шабакаи иҷтимоӣ дар кишвари мо умуман имконпазир аст.”, — хулоса кардааст ӯ.

Рӯзи 13 май танзимгари соҳа дар  Русия-Роскомнадзор ба ТикТок дархост фиристода, талаб кард, ки дар бораи риояи ду қонуни федералӣ — «Дар бораи маълумоти шахсӣ» ва «Дар бораи иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот» гузориш пешниҳод кунад. Дар сурати ошкор шудани вайронкунии талаботи қонун, танзимкунанда ҳуқуқ дорад чораҳои пешбининамудаи қисми 3.1 моддаи 23-и Қонуни федералии «Дар бораи маълумоти шахсӣ», аз ҷумла маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоотро андешад.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи апрели соли равон Ҷо Байден, президенти Амрико, тарҳи қонунеро имзо кард, ки манъи дастрасӣ ба TikTok-ро дар он кишвар мадди назар дорад. Пештар аз ин, Сенат ва Палатаи намояндагони Амрико манъи фурӯши ин барномаро дар фурӯшгоҳҳои Apple ва Google тасдиқ карда буданд.

Ҷонибдорони маҳдуд кардани TikTok мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида хатар дорад. Ба бовари онҳо, ҳукумати Чин метавонад аз ширкати ByteDance, ки молики ТикТок аст, маълумоти шахсии корбарон аз Амрикоро талаб кунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад