МУВАФФАҚИЯТ“Аштак”-и Ашт, “Лиму”-и Бохтар ва “Қурут”-и Мастчоҳ сертификати сифати...

“Аштак”-и Ашт, “Лиму”-и Бохтар ва “Қурут”-и Мастчоҳ сертификати сифати Аврупоро мегиранд?

-

Созмони Hilfswerk Austia International талош дорад ба “Аштак”-и ноҳияи Ашт, “Лиму”-и шаҳри Бохтар ва “Қурут”-и ноҳияи Мастчоҳ сертификати стандартҳои бозори аврупоӣ дарёфт кунад.

Созмони Hilfswerk Austia International, ки асосан дар бахши кишоварзии Осиёи Миёна барномаҳои худро пиёда месозад, талош дорад ба хушкмеваи “Аштак”-и яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд сертификати мутобиқ ба стандарти бозорҳои аврупоӣ диҳад.

Рафтор Муҳаммадиев, мудири Идораи кишоварзии ноҳияи Ашт гуфт, коршиносони австриягӣ бо аҳолӣ ва боғдорон суҳбат намуда, номи қадимаи ин хушкмеваро таҳқиқ доранд. Вай афзуд, дар гузашта сокининони ноҳия меваи зардолуро аз донак ҷудо карда дохилаш мағз мегузоштанд, ки “Аштак” ном дошт, зери нури офтоб хушк мешуд:  

“Созмоне аз Австрия тасмим дорад хушкмеваи зардолуи моро бо бренди “Аштак” ба меъёрҳои стандарти бозори ҷаҳонӣ шомил карда, сертификат диҳад то ба бозорҳои Аврупо бо ҳамин ном роҳ ёбад. Ин маҳсулоти аслии Тоҷикистон мешавад. Агар ин созмони байналхалқӣ ба мо сертификат диҳад бе иҷозати мо дигар касе наметавонед ба бозорҳои Аврупо ин намуд хушкмеваро содир кунад. Вақте мехоҳад, содир кунад, сертификати мо лозим меояд.”

Вай афзуд, хушкмеваи зардолуи мағздори “Аштак” 2-3%-и маҷмӯи ҳосили хушкмеваи зардолуи ноҳияро ташкил медиҳад, вале ба содирот роҳ наёфта буд. Дар сурати дарёфти сертификати дорои аҳамияти бозори ҷаҳонӣ ба гуфтаи ҷаноби Муҳаммадиев аҳолиро тарғиб мекунанд то ба таҳияи ин хушкмева рӯй оранд.

Навъи “Зардолуи пешпазак”, “Бобоӣ”, “Рухи ҷавонӣ”, “Қанди хурмоӣ” ва чанд навъ “Мирсанҷалӣ” бо тамъу, бӯй ва қанднокиву сифаташ таваҷҷӯҳи тоҷирону созмонҳоро ба Ашт ҷалб карда, хушкмеваи офтобии навъи “Мирсанҷалӣ” ба намояндагони лоиҳа пешниҳод шудааст то аз рӯи бӯй, қанднокӣ ва дигар нишондодҳо дар озмоишгоҳ санҷида шавад.

Ҳалим Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад