ҲАЁТИ СОЛИМКумакпулиро чӣ гуна метавон дарёфт кард?

Кумакпулиро чӣ гуна метавон дарёфт кард?

-

Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ки дар манотиқи гуногуни кишвар мардум бо номҳои гуногун, аз қабили «кумакпулӣ», «ёрдампулӣ» ё «ҷубронпулӣ» ном мебаранд,  барои нафарони камбизоат пешбинӣ шудааст. Нафаре, ки худро камбизоат шуморида, дар шароити душвори зиндагӣ қарор дорад ва имконияти аз ин ҳолат мустақилона баромаданро надорад, барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ метавонад муроҷиат намояд.

Соли равон оила ё шахси камбизоат дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 720 сомонӣ ва   1 нишондиҳанда барои ҳар як кӯдак (72 сомонӣ) дарёфт карда метавонад.

Муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли хаттӣ аз тарафи шахс ва ё аз номи оилаи ӯ ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоӣ бояд дастрас гардад.

Барои дарёфти кумаки унвонии иҷтимоӣ ин ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда мешаванд:
— ариза;
— шиносномаи аризадиҳанда
— маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва ҷойи истиқомат;
— маълумот дар бораи даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оила.

Намунаи ариза
Намунаи маълумотнома дар бораи ҳайати оила

 

Намунаи ҳуҷҷат дар бораи даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оила

Ариза, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раис ё котиби ҷамоат, ва ё сардори идораи манзилию коммуналӣ тасдиқ бояд карда шавад.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ ва кумитаҳои маҳаллӣ аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳояш қабул намуда, ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд.

Мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некӯаҳволии оила онро ба махзани ягонаи маълумот бояд ворид намояд.

Баъд аз коркарди маълумот дар сервери марказии низоми иттилоотии барномаи компютерӣ тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат маълум мегардад, ки ба шахс кумаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда мешавад ё не.

Намунаи Огоҳинома оид таъини КУИ
Намунаи Огоҳинома оид ба рад кардани КУИ

Қарор дар бораи таъин ё рад намудан кумаки унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи қабул гардида, ба аризадиҳанда хабарномаи хаттӣ ва ё электронӣ ирсол мешавад.

Нақши роҳбарони идораи манзилию коммуналӣ, раисони ҷамоат, кӯмитаҳои маҳал дар раванди иттилоотонии аҳолӣ хеле муҳим аст.

Инчунин масъулин ҳангоми қабули ариза бояд таваҷҷуҳ намоянд, ки ариза дуруст пур карда шавад ва дар ҳолати зарурӣ ба саволҳои аризадиҳандагон бояд ҷавоби дуруст пешниҳод намоянд.

Акси асосӣ аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
10
+1
13
+1
2
+1
1
+1
3
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад