МУВАФФАҚИЯТКанали Фатҳидини "гитарист"-ро кӣ шикаст ва чӣ гуна ӯ...

Канали Фатҳидини «гитарист»-ро кӣ шикаст ва чӣ гуна ӯ онро барқарор кард?

-

Овозхон ва блогери тоҷик, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси «Федя гитарист» маъруф аст, аз чӣ гуна шикаста шудани саҳифааш дар ютуб муфассал қисса кард.
Ба нақли ин ҷавон,  чанде пеш  як ширкати Питса тариқи почта ба ӯ муроҷиат кард то маҳсулоти онҳоро таблиғ намояд.

Чаҳор сол қабл Фатҳиддин ба блогери шурӯъ кард. Ӯ асосан тариқи шабакаҳои Hamatarafa Live ва Hamatarafa Live2 дар ютуб маводҳои хешро нашр мекард, ки шабакаи якуми 809 ҳазор ва дуввумӣ 151 ҳазор пайрав дорад.

«Номаро кушодем, навишта шуда буд, ки барои хондани шартнома ба пайвандро (ссылка) боз кунем ва дар он ҷо ҳама чиз дар бораи реклама ва пайванди видео вуҷуд дорад. Шартномаро хондем, танҳо дидани видео боқӣ монда буд, вақте хостем ин пайвандро тариқи телефон кушоем, вале натавонистем. Пас, мо ба рекламадиҳанда навиштем, ки ин кор тариқи телефон ғайриимкон аст. Ба мо пешниҳод шуд, ки тариқи компютер пайвандро боз кунем. Вақте тавассути компютер онро боз кардан хостем, мушкили техникӣ пеш омад, компютеро беҳаракат монд (часпид). Мо антивирус насб кардем, компютерро хомӯш кардем, вале ба телефон мактуб омад, ки шумо рамзҳоро дигар кардед. Пас аз ин, мо ба канал дастрасӣ надоштем.»,-нақл мекунад Фатҳиддин.
Фатҳиддин мегӯяд, ин амал барояш дарсе буд ва ҳатман минбаъд ба ҳар пайванд ҷиддӣ муносибат мекунад. Ӯ ба дигарон низ тавсия медиҳад, ки ҳушёру огоҳ бошанд то ба чунин мушкил рӯ ба рӯ нагарданд. 

 

View this post on Instagram

 

A post shared by Jom Tojikiston (@jomtojikiston)

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад