МУВАФФАҚИЯТМуаррифии низоми баҳогузории 10-бала. Акнун баҳои 10 мегирем?

Муаррифии низоми баҳогузории 10-бала. Акнун баҳои 10 мегирем?

-

Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузори 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон муаррифӣ гардидааст.

Асадулло Наҷмиддиниён, Директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф  ба АМИТ «Ховар» гуфтааст, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки меъёри панҷбаллаи мавҷуда дониши воқеии хонандагонро инъикос намуда наметавонад. Дар он андоза ва меъёрҳои дақиқи баҳогузории фаннӣ аз байн рафта, дар навбати худ боиси воқеӣ набудани баҳо ва тобеияти он ба мақоми омӯзгор гардидааст. Аз ин рӯ, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ дар шароити имрӯза ба миён омадааст. Дар раванди баҳогузории мавҷуда асосан аз се баҳо-3 (миёна), 4 (хуб), 5 (аъло) истифода мебаранд, ки ин меъёр барои баҳо гузоштан ба дониши воқеии хонандагон кофӣ нест. Инчунин дар низоми мавҷуда хонандагон ба гурӯҳҳои «аълохон», «хубхон», «сехон» ва «духон» ҷудо шудаанд, ки ба андешаи мутахассисон, ин тарзи баҳодиҳӣ доираи маҳдуд дошта, инчунин ба ҳолати равонии хонандагон таъсири бад мерасонад.
Дар низоми 10-хола фаъолияти таълимии хонандагон аз рӯи 4 дараҷа (дараҷаи олӣ) ва 10 зина арзёбӣ мешавад: дараҷаи олӣ иборат аз 2 баҳои 5 -аъло (10 хол) ва олӣ (9 хол); дараҷаи хуб иборат аз 2 баҳо- хубтар (8 хол), хуб (7 хол); дараҷаи миёна иборат аз 3 баҳо- қаноатбахш (6 хол), кофӣ (5 хол), кам (4 хол); дараҷаи паст иборат аз 3 баҳо — нокифоя (3 хол), ғайриқаноатбахш (2 хол), паст (1 хол) ба назар гирифта мешавад.

Боиси зикр аст, ки 30 октябри соли 2023 Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон» қабул шуда буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
18
+1
5
+1
1
+1
0
+1
2
+1
0
+1
4

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035 то 40 дарсад коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад