ОЛАМИ МАҶОЗӢМудири Хазинаи байналмилалии асъор: зеҳни сунъӣ ба 40% ҷойҳои...

Мудири Хазинаи байналмилалии асъор: зеҳни сунъӣ ба 40% ҷойҳои корӣ таъсир кард

-

Кристалина Георгиева, мудири Хазинаи байналмилалии асъор. Акс аз Шабака интернет

Кристалина Георгиева, мудири Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, зеҳни сунъӣ (AI) тақрибан ба 40% ҷойҳои корӣ таъсир карда, ба иваз кардани баъзе мутахассисон ва пур кардани ҷойи дигарон сабаб гаштааст. Бинобар ин, Георгиева ба зарурати тавозуни бодиққати сиёсатҳо зимни кашфи иқтидори AI таъкид кардааст. Ба қавли роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор, дар байни кишварҳои пешрафта, ҳиссаи ҷойҳои корӣ, ки аз AI зарар дидаанд, 60% аст. Барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ин рақам-40 дарсад ва барои кишварҳои камдаромад 26 фоизро ташкил медиҳад.

Георгиева иқтидори AI-ро барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ, бол бурдани рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши даромад дар саросари ҷаҳон қайд кардааст. Бо вуҷуди ин, вай инчунин хатари афзоиши нобаробарӣ ва коҳиши шуғлро аз зеҳни сунъӣ эътироф кард.

«Мо дар остонаи инқилоби технологӣ ҳастем, ки метавонад ҳосилнокӣ ва рушди ҷаҳониро афзоиш диҳад ва даромадҳоро дар саросари ҷаҳон бештар намояд. Бо вуҷуди ин, он метавонад ҷойҳои корро иваз ва нобаробариро амиқтар кунад.»,- менависад дар матлаби хеш

Ба бовари ин иқтисоддон, пешрафти босуръати зеҳни сунъӣ ҷаҳонро ба худ ҷазб карда, ҳам ҳаяҷон ва ҳам изтиробро ба вуҷуд овард ва саволҳои муҳимро дар бораи таъсири эҳтимолии он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба миён ҳалқ кард.

«Таъсири холисро пешгӯӣ кардан душвор аст, зеро AI дар иқтисодиёт бо роҳҳои мураккаб паҳн мешавад. Он чизе ки мо бо итминон гуфта метавонем, ин аст, ки мо бояд як қатор сиёсатҳоро таҳия кунем то аз иқтидори бузурги AI ба манфиати инсоният бехатар истифода барем.»,-мегӯяд мудири ХБА.

Таъсири даромади меҳнатӣ асосан аз он вобаста хоҳад буд, ки AI то чӣ андоза коргарони сердаромадро пурра мекунад. Агар АИ кормандони сердаромадро ба таври назаррас пурра кунад, он метавонад боиси афзоиши номутаносиби даромади меҳнатии онҳо гардад. Ғайр аз ин, афзоиши ҳосилнокӣ аз ширкатҳое, ки AI-ро пазирӯфтаанд, эҳтимол боиси афзоиши сармоя мегардад. Вале ҳар дуи ин падидаҳо метавонанд нобаробариро шадидтар кунанд.

«Дар аксари сенарияҳо, AI эҳтимолан нобаробарии умумиро боз шадидтар мекунад, як тамоюли ташвишоваре, ки сиёсатмадорон бояд фаъолона мубориза баранд то технологияро аз афзоиши ташаннуҷи иҷтимоии минбаъда пешгирӣ кунанд. Барои кишварҳо таъсиси шабакаҳои ҳамаҷонибаи амнияти иҷтимоӣ ва пешниҳоди барномаҳои бозомӯзӣ барои кормандони осебпазир хеле муҳим аст. Бо ин кор мо метавонем гузаришро ба AI фарогиртар гардонем ва аз нобаробарӣ ҷилавгирӣ намоем»,-қайд мекунад Кристалина Георгиева.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад