ҲАЁТИ СОЛИМИфтитоҳи Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика дар факултаи журналистика

Ифтитоҳи Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика дар факултаи журналистика

-

Ифтитоҳи марказ бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ ва устодони факултаи рӯзноманигорӣ
Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Асадулло Саъдуллоев солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳое гуногун фаъолият намуда, ҳамчунин муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти ИҶШС (1980—1984) ва омӯзгори Донишгоҳи Кобул (1984—1987) низ буд.
Давоми солҳои 1992—2000 ва 2007—2009 ба кафедраи телерадиожурналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳбарӣ карда, тӯли солҳои 2002—2005 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Асадулло Саъдуллоев соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториашро ҳимоя намудааст. Муаллифи 31 монография, 160 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои назария ва амалияи журналистикаи ҷумҳурӣ мебошад.
Ба таъкиди Бахтиёр Қутбиддин, декани факулта, профессор Асадулло Саъдуллоев бунёдгузор ва роҳбари мактаби илмии таҳқиқи публитсистикаи муосири тоҷик буда, 15 нафар шогирди унвондор омода кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар маросими ифтитоҳи Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика роҳбарияти донишгоҳ низ ширкат ва суханронӣ намудаанд.
Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Илҳомҷон Ҳамидиён
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад