ҲАЁТИ СОЛИМОмбудсмен: сохторе, ки арзи ҳамаро мешунавад

Омбудсмен: сохторе, ки арзи ҳамаро мешунавад

-

Ин акс ва тасвири асосии матлаб аз шабакаи интернет

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ё Омбудсмен шикояти ҳамаро нисбат ба ҳама мансабдорон баррасӣ менамояд. Ҳатто шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва шахсони дар колонияву ҳабсхонаҳо метавонанд ба ин Омбудсмен муроҷиат намоянд.
Дар нимсолаи 2023 871муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ин ниҳод ворид шудааст, ки аксарияти онҳо вобаста ба ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда будааст.

Оё мехоҳед донед, ки Омбудсмен гуна сохтор аст, кадом вазифаҳоро анҷом медиҳад, чӣ гуна ба он муроҷиат кард ва кадом муроҷиатҳоро ин ниҳод баррасӣ мекунад?

Матлаби мазкур ба ин суолҳо посух медиҳад.

Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон мебошад.

Қонун дар бораи таъсиси Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар охирҳои соли 2008 тасвиб шуда моҳи майи соли 2009 роҳбари аввали ин ниҳод аз ҷониби президенти кишвар ба парлумон пешбарӣ шуд.

Бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. Акс аз саҳифаи фейсбукии ин ниҳод

Омбудсмен аз ягон мақомоти ҳукуматии давлатӣ, худидоракунӣ ё дигар шахсони мансабдор вобаста нест.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикояти ҳамаро нисбат ба қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вайрон кардаанд, баррасӣ менамояд. Шикоят танҳо пас аз андешидани дигар чораҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ё маъмурӣ, яъне танҳо пас аз он ки аз қарор ё амали (беамали) поймол кардаи ҳуқуқи инсон, ба тариқи судӣ ё бо тартиби тобеияти маъмурӣ шикоят карда шудааст, пешниҳод карда мешавад.

Шикоят бояд маълумотҳои зеринро дарбар гирад:

-Ному насаби ҷабрдида;

-Имзои шахсӣ ва суроғаи ҷойи зисти муроҷиаткунанда;

-Номи мақомот ё шахси мансабдоре, ки аз қарор ё амали (беамалии) ӯ шикоят оварда мешавад; Изҳор кардани моҳияти қарор ё амал (беамалӣ), ки ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунандаро поймол кардаанд ё поймол мекунанд;

Нусхаи қарорҳои оид ба шикоят қабулгардидае, ки тариқи судӣ ё маъмурӣ баррасӣ гардидаанд. Агар шикоятнома коллективона бошад, ба ҳамаи шаҳрвандон, ки онро имзо кардаанд, пурра зикр кардани фамилия, ному насаб, суроға барои тамос ( ҷойи қайди зист ё истиқомати воқеӣ) ва ҷамъ овардани имзои ҳамаи муроҷиаткунандагон зарур аст. Дар шикоятномаи коллективона махсус зикр кардани шахси дар тамосшаванда бо мақомоте, ки шикоятномаи коллективона ба он ирсол шудааст, зарур мебошад. Шикоятнома набояд мазмуни таҳқиркунандаи шаъну шарафи шахсони дигарро дошта бошад. Ба шикоят замима намудани ҳуҷҷатҳо (нусхаи ҳуҷҷатҳо), ки ҳолатҳои дар шикоят баёншударо тасдиқ менамоянд, зарур аст.
Кӣ ҳуқуқи муроҷиатро ба Омбудсменро дорад?

-Шаҳрванди хориҷӣ;

-Шахси бешаҳрванд;

Шахси дар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣ қарордошта (тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, нигоҳдории муваққатӣ, колонияҳо, ҳабсхонаҳо) низ метавонанд ба Ваколатдор шикоятнома пешниҳод намоянд, ки он дар мӯҳлати 24 соат ба Ваколатдор фиристода мешавад.

Маълумоти бештар дар ин эксплейнер:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
5
+1
1
+1
2
+1
0
+1
3
+1
2

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад